Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии Қирғизистон эълом шуд
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) 7 декабр натиҷаи ниҳоии ҳисоби дастии овозҳоро дар интихоботи порлумонии ин кишвар эълом кард. Бар асоси натиҷаҳои ниҳоӣ, ҳизбҳои "Ота-Журт Қирғизистон" (17,3%), "Ишеним" (13,63%), "Интимак" (10,99%), "Алянс" (8,34%), "Бутун Қирғизистон" (7,04%) ва "Ийман Нуру" (6,15%) соҳиби курсӣ дар порлумони Қирғизистон шуданд. Ҳамчунин аз ҳавзаҳои якмандатӣ 34 номзад вориди порлумон гаштааст. Дар Қирғизистон 28-уми ноябр интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Читать дальше...