Баҳси афзоиши нарх дар порлумон. Раис "омили берунӣ"-ро "гунаҳкор" донист. ВИДЕО
Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон суръати болоравии нархи маҳсулотро дар кишвар дар ду соли охир тақрибан бетағйир номид, вале ҳамзамон ҳамагуна афзоиши қиматҳоро ба “омилҳои берунӣ” рабт дод. Болоравии нархи маводи ниёзи аввалия рӯзи 8-уми декабр дар порлумон баррасӣ шуд.