Кумитаи андоз гуфт, овозхонҳои тоҷик ҳудуди ним миллион сомонӣ қарздоранд
Кумитаи андози Тоҷикистон даҳҳо нафар аз сарояндагон ва дигар ҳунарпешагонро ба насупурдани молиёт ва ё фирор аз пардохти он муттаҳам кардааст. “Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии кумита дар шумораи тозааш аз рӯзи 15-уми июн ному насаби бештар аз 80 сарояндаи шинохтаву начандон ошно дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ба гуфтаи кумита ё бе сабти расмӣ фаъолият мекунанд ё молиёти давлатро саривақт ва пурра намепардозанд. Дар феҳраст, номи Фарзонаи Хуршед, Мубориз Усмонов, Зафар Аюбов, Муҳаммадрафии Кароматулло... Читать дальше...