Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2023

Новости за 29.06.2023

Барои "сарбозшикор" дар Тоҷикистон 11 нафарро ба ҷавобгарӣ кашидаанд

Ozodi.org 

Дар робита ба сарбозшикор ё даъвати маҷбурии ҷавонон ба артиш 11 касро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, бар зидди ин афрод соли гузашта додситонии ҳарбӣ парванда кушодааст, аммо натиҷаашро нагуфтанд.

Сарсон шудани даҳҳо зоири қазоқистонӣ дар Саудӣ

Ozodi.org 

Наздики 120 ҳоҷии қазоқистонӣ, ки миёнашон занону пиронсолон низ ҳастанд, дар Арабистони Саудӣ бе сарпаноҳ ва кӯмак мондаанд. Ба навиштаи расонаҳо, ин афрод тавассути ширкати "Zam-Zam Qazaqstan" ба Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷ рафта, вале ба далели нодурустии санадҳояшон аз сӯи мақомоти Макка барояшон монеа эҷод шудааст. Дар Идораи маънавии мусалмонони Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, пештар шаҳрвандонро огоҳ карда буданд, ки ширкати "Zam-Zam Qazaqstan" ҳаққи ба зиёрат бурдани шаҳрвандонро надорад. Читать дальше...

Раиси пешини ширкати "MegaCom"-ро дар Қирғизистон ҳабс карданд

Ozodi.org 

Озод Бозорқулов, мудири пешини ширкати "Алфа Телеком" дар Қирғизистон, ки тамғаи тиҷоратиаш "MegaCom" аст, то 9 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Дар ин бора рӯзи 27 июн Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарор содир кардааст. Бозорқуловро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо гумони "Сӯистифодаи мақом аз сӯи ходимони муассисаҳои тиҷоратӣ" боздошт кард. Ба иттилои мақомоти он кишвар, масъулони ширкати "Алфа телеком" "бо ташкили тавтиа дар якҷоягӣ бо ширкатҳои хусусӣ... Читать дальше...



Қазоқистон: дороиҳои ғайриқонуниро аз хориҷа бармегардонанд

Ozodi.org 

Сенат ё палатаи болоии порлумони Қазоқистон тарҳи қонун дар бораи баргардонии дороиҳои ғайриқонунӣ ба хориҷ бурдашударо қабул кард. Акнун қонун барои имзо ба президенти Қазоқистон ирсол мешавад. Сенаторҳои Қазоқистон бар ин боваранд, ки тарҳи қонун "барои ошкорсозӣ ва баргардонии чунин дороиҳо асос мегузорад ва усули кори мақомоти давлатиро барои баргардонии дороиҳо ба таври шаффоф ва дақиқ ба роҳ мемонад". Тарҳи қонун "Дар бораи ба давлат баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ азхудшуда"-ро рӯзи 14-уми июн Маҷлис... Читать дальше...

Оташсӯзӣ дӯкондорони Қубодиёнро муфлис кард

Ozodi.org 

Гурӯҳи корие дар ноҳияи Қубодиён зарари сӯхтор дар бозори марказии ноҳияро таҳқиқ мекунанд. Дар сухтори субҳи 29-уми июн молу маҳсулоти даҳҳо тоҷир ба коми оташ рафт. Тоҷирон гила карданд, ки агар оташнишонҳо саривақт ба ҷои ҳодиса мерасиданд, эҳтимол чунин зиён намедиданд.

Гулнора чи гуна писарашро аз чанголи сил халос кард? ВИДЕО

Ozodi.org 

Пизишкони тоҷик мегӯянд, нисбат ба кӯдакони гирифтори бемории сил афрофиён рафтори нодуруст мекунанд, ки монеи табобати саривақтии онҳо мешавад. Ба иттилои мақомот сӣ дарсади гирифторони сил дар Тоҷикистон кудакон будаанд.

Рафтори нодуруст бо гирифторони сил онҳоро "бемортар" мекунад

Ozodi.org 

Пизишкони тоҷик мегӯянд, нисбат ба кӯдакони гирифтори бемории сил аксари атрофиён рафтори нодуруст мекунанд, ки ин монеи муолиҷаи саривақтии онҳо мешавад. Дар Тоҷикистон 30 дарсади гирифторони бемории сил кӯдакон будаанд.



Бетартибиҳо дар Фаронса баъди куштори як наврас аз сӯи пулис

Ozodi.org 

Шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе дар Порис ва чанд шаҳри дигари Фаронса бетартибиҳо идома карданд. Ин бетартибиҳо баъди он сар заданд, ки пулис як навраси 17-соларо парронд. Жералд Дарманен, вазири корҳои дохилии Фаронса аз боздошти ҳадди ақал 150 кас хабар кард. Ширкатдорони бетартибиҳо даҳҳо мошинро оташ заданд, чанд кӯчаро бастанд, мағозаҳоро ғорат карданд, ба сӯи пулис сангу ахлот партофтанд. Пулис дар посух аз гази ашковар истифода кард. Куштори наврас рӯзи 27 июн дар наздикии Порис рух дод. Читать дальше...

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Узбекистон шуруъ шуд

Ozodi.org 

Овоздиҳии барвақтӣ дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Узбекистон шуруъ шуд. Интихоботи президентӣ дар он кишвар рӯзи 9 июл дар назар дошта шудааст.  Қитъаҳои интихоботӣ барои раъйдиҳии пеш аз муҳлат дар дохил ва хориҷи Узбекистон рӯзи 28 июн боз шуданд. Бино ба тартиби қонунӣ дар он кишвар, шаҳрвандоне ҳақ доранд пеш аз муҳлат овоз диҳанд, ки ба далелҳои асоснок дар рӯзи интихобот дар ҷойи зисти худ қарор нахоҳанд дошт. Рӯзи 30 апрели соли ҷорӣ Конститутсияи нави Узбекистон бо бештар аз 90 дарсади раъйи тарафдор қабул шуд. Читать дальше...

"Кишвари занҳои бева". Матлаби як расонаи Чин дар бораи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Як расонаи маъруфи чинӣ омори занони бева ё худ бешавҳари Тоҷикистонро нашр карда, сабабу омилҳои ба ин ҳол гирифтор шудани онҳоро ба риштаи таҳлил кашидааст. Дар матлаб ба нопойдории оилаҳои нав ва нисбатан кам будани мардон ишора ва вазъи демографии Тоҷикистон ташвишовар унвон шудааст.

"Муҳоҷирони тоҷику қирғиз баъди занозанӣ оштӣ карданд"

Ozodi.org 

Вазъи чаҳор муҳоҷири тоҷике, ки рӯзи 23-уми июн дар занозанӣ бо муҳоҷирони қирғиз дар Иркутск маҷрӯҳ шуда буданд, хуб арзёбӣ мешавад.  Алишер Ширинов, раиси ҷамъияти тоҷикон, ки ба аёдати муҳоҷирон рафтааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо аз дасту пояшон ҷароҳат бардоштаанд ва пас аз даҳ рӯзи дигар аз беморхона рухсат мешаванд.  Садҳо муҳоҷири тоҷику қирғиз дар корхонаи истихроҷи газ дар Иркутск рӯзи 23-уми июн занозанӣ карданд. Ба гуфтаи мақомот, дар ин занозанӣ аз ду тараф нӯҳ нафар... Читать дальше...

Фавти 61 нафар дар зиндонҳои Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар соли 2022 дар зиндонҳои Тоҷикистон, ки зери итоати Вазорати адлия аст, 61 нафар бар асари беморӣ ҷон додаанд.   Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар гузорише сабаби марги онҳоро "бемориҳои гуногун" номида, вале аз касалии мушаххасе ном нагирифтааст. Гузориш дар аввали имсол омода шуда, Радиои Озодӣ онро ба тозагӣ дид.   Дар бахши дигари гузориш гуфтаанд, ки то моҳи январи соли 2023 дар зиндонҳои Тоҷикистон 296 мубталои вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ-ро сабт карданд. Ин рақам дар соли 2021 ба 215 нафар баробар будааст. Читать дальше...

Бозори ноҳияи Қубодиён ба коми оташ рафт

Ozodi.org 

Бозори марказии ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон субҳи имрӯз оташ гирифтааст.  Дар наворҳое, ки шоҳидон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки алангаи оташ баланд аст.  Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса соати 4-у 50-и субҳи 29-уми июн рух додааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар масоҳати 655 метри мураббаъ сӯхтааст. Вазорат гуфтааст, пас аз се соат оташро пурра хомӯш кардаанд ва ҳоло сабабҳои ҳодиса таҳқиқ мешавад.  Бархе тоҷирон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд... Читать дальше...

Ҳалокати 4 сарбози Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Ozodi.org 

Мақомоти Қарабоғи Куҳӣ, ки амалан аз сӯи Арманистон ҳимоят мешаванд, хабар доданд, шаби 28 июн неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон сӯи мавқеъҳои Арманистон тир кушодаанд. Бино ба ин хабар, дар натиҷаи оташкушоӣ чаҳор низомии Арманистон кушта шудааст. Ахиран вазорати мудофиаи Озарбойҷон низ хабар дод, ки Арманистон сӯи мавзеъҳои Озарбойҷон тир кушодааст. Дар натиҷа як низомии Озарбойҷон захм бардоштааст. Таниш дар Қарабоғи Куҳӣ дар ҳолест, ки рӯзи 27 июн дар ИМА гуфтугуҳои сулҳомез миёни вазоратҳои хориҷии Арманистону Озарбойҷон шуруъ шудааст. Читать дальше...

The New York Times: Генерали баландпояи артиши Русия пеш аз ошӯби "Вагнер" аз он хабар дошт

Ozodi.org 

Мақомҳои истихборотии Амрико мегӯянд, маълумоте пайдо кардаанд, ки нишон медиҳад, як генерали баландпояи артиши Русия пеш аз ошӯби гурӯҳи "Вагнер" аз барномаи фармондеҳи ин гурӯҳи низомии муздур, хабар доштааст.

Як мард дар Бухоро барои буридани 16 дарахт $100 ҷарима шуд

Ozodi.org 

Дар Бухоро барои сохтани як бино 16 дарахтро буридаанд. Мардеро, ки масъули буридани дарахтон буд, 1,35 млн сӯм ё бештар аз 100 доллари ИМА ҷарима бастанд. Ин дар ҳолест, ки зарари расонидаи вай ба табибат 259 млн сӯм ҳисоб шудааст. Дар бораи сохтани бинои нав ва буридани дарахтон ҳанӯз моҳи феврали соли ҷорӣ хабар расида буд. Он замон Раёсати муҳити зисти вилояти Бухоро буридани дарахтонро омӯхта, акнун дар бораи натиҷаи омӯзиш хабар додааст. Ба иттилои расмӣ, марде бо ному насаби К.К. 16 дарахти тутро буридааст. Читать дальше...

Бо дархости ИМА сармуҳаррири пешини маҷаллаи "Хакер" боздошт шуд

Ozodi.org 

Шаҳрванди Русия ва сармуҳаррири пешини маҷаллаи "Хакер" Никита Кислитсин бо дархости ИМА дар Қазоқистон боздошт шуд. Кислитсин мудири ширкати F.A.C.C.T. аст. Ин ширкат ба таҳияи барномаҳо дар бахши амнияти киберӣ машғул аст. Ӯро 22 июн боздошт кардаанд, аммо расонаҳои Русия танҳо ахиран дар бораи боздошти вай хабар доданд. Дар ширкати F.A.C.C.T. гуфтанд, мақомоти Қазоқистон масъалаи истирдоди Кислитсинро ба ИМА меомӯзанд. Дар ширкат гуфтанд, даъво нисбати Кислитсин ба ҳодисаи 10 соли пеш бармегардад... Читать дальше...

Садҳо ҷангҷӯи ДОИШ-ро дар Сурия муҳокима мекунанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Мақомоти курд дар Сурия мегӯянд, аъзои хориҷии ДОИШ-ро баъд аз солҳо боздошту нигаҳдорӣ муҳокима хоҳанд кард. Гап дар  бораи беш аз даҳ ҳазор нафар меравад, ки мумкин аст дар байнашон   тоҷикон низ  бошанд.



Москва

Тема дня: На «Госуслугах» можно будет получить статус многодетной семьи с 2025 года


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Москва завершает переход на новый стандарт экстренной медпомощи



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Юрий Лоза объяснил, почему Чулпан Хаматова критикует Россию




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

РОСГВАРДИЯ ОБЕСПЕЧИЛА ПРАВОПОРЯДОК ВО ВРЕМЯ ФУТБОЛЬНОГО МАТЧА «ЦСКА» - «СПАРТАК» В МОСКВЕ

Росгвардия обеспечила правопорядок во время футбольного матча «ЦСКА» - «Спартак» в Москве

В Московской области прошел чемпионат Центрального округа Росгвардии по стрельбе из боевого ручного стрелкового оружия


Елена Рыбакина

Елена Рыбакина рассказала о проблемах на турнире в Мадриде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

Лиды для фрилансеров Golubinbot



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России