Ба фоида ё зарар? Тарҳи қонун дар бораи блогерон баҳсбарангез шуд. ВИДЕО
Дар Тоҷикистон тарҳи қонунро дар бораи кори блогерон омода кардаанд.
Дар Тоҷикистон тарҳи қонунро дар бораи кори блогерон омода кардаанд.
Вазорати молияи Амрико номи се ширкат аз Русия, Қазоқистон ва Словакияро ба далели робита бо Кореяи Шимолӣ ба рӯйхати таҳримшудаҳо даровард.
Парвандаи ҷанҷоли сокинони Лакатро дар Истаравшан бо маъмурони милиса ба додгоҳ фиристодаанд.
Мақомоти додситонии вилояти Суғд иттилоъ дод, ки ҳодисаи ҷанҷоли сокинони деҳаи Лакати шаҳри Истаравшанро бо маъмурони онҷо ба итмом расонида, ба додгоҳ ирсол кардааст.
Дар Тоҷикистон қонуни фаъолияти блогерӣ омода шудааст, ки мақсадаш танзими заминаҳои ҳуқуқии кори шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоист. Дар тарҳи нав гуфта мешавад, ки сензураи давлатии кори блогерон «ва таъқиби онҳо барои танқид манъ аст».
Ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифта, ки 4 истироҳатгоҳро дар соҳили Иссиқкӯл ба муҳлати 49 сол ба Узбекистон диҳад. Сухан аз истироҳатгоҳҳои "Дилором", "Золотие пески", "Роҳат" ва "Бӯстон" меравад.
Дар ҳоле, ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ аз зери по шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар садо медиҳад, Омбудсмени тоҷик баръакс мегӯяд, дар соли 2023 вазъи риояи ҳуқуқи башар беҳтар шудааст.
Як марди 70-соларо дар шаҳри Исфара ба ҷурми ифротгароӣ панҷ сол зиндонӣ кардаанд. Пайвандонаш гуфтанд, Камолиддин Шарофов ба писандидани саҳифа ва тамошои наворҳои мухолифони ҳукумати Тоҷикистон гунаҳкор шуда, вале иттиҳомро напазируфт.
Додгоҳе дар шаҳри Теҳрон Саид Рустоӣ, коргардон ва сенариянависро барои намоиши филми "Бародарони Лайло" дар ҷашнвораи Канн дар соли 2022 шаш моҳ зиндонӣ кард.
Фаворис Музрапов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 19-ум то 27-уми август дар пойтахти Маҷористон (Венгрия) – шаҳри Будапешт – баргузор мешавад, иштирок хоҳад кард.
Дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Zagreb Grand Prix 2023”, ки рӯзҳои 18-20-уми август дар шаҳри Загреби Хорватия баргузор мешавад, ду варзишгари тоҷик иштирок хоҳад кард.
"Газета.uz" пешниҳод кардааст, барои гиромидошти ёди кӯдаконе, ки баъд аз истеъмоли доруи ҳиндии "Док-1 Макс" дар Узбекистон фавтиданд, мотам эълон карда шавад.
Раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари Русия пешниҳод кардааст, ки ба муҳоҷирон танҳо пас аз сабтином дар комиссариатҳои ҳарбӣ шиноснома бидиҳанд.
Як марди 70-соларо дар шаҳри Исфара ба ҷурми ифротгароӣ панҷ сол зиндонӣ кардаанд.
Имдодгарони тоҷик мегӯянд, як кӯҳнаварди осебдидаро аз Литва дар ҳудуди шаҳри Панҷакент наҷот дода, ба бемористон бурданд.
Вазорати беҳдошти Эрон додани иҷозатномаро барои воридот ва истеҳсоли василаҳои маълум кардан ва ё қатъи ҳамл боздоштааст.
Гуруҳи зархаридони “Вагнер”-и Русияро дар Ҷумҳурии Беларус ба унвони созмони таълимӣ сабти ном кардаанд.
Мақомоти Озарбойҷон рӯзи 16-уми август гуфтанд, узви гуруҳи харобкори арманистониро, ки мехост ба ин кишвар дарояд, боздошт карданд. Ереван ин иддаоро рад кард.
Дар Тоҷикистон, ки мардум аз бекорӣ ранҷ мекашанду дар ҷустуҷӯйи роҳҳои рафтан ба кишварҳои пешрафта ё муҳоҷирпазир ҳастанд, имсол 3580 нафар барандаи Green Card ё корти сабзи Амрико шудаанд.
Никита Журавел, ки барои оташ задани китоби Қуръон дар Волгоград боздошт шудааст, мегӯяд, писари 15-солаи раисҷумҳури Чеченистон Одам Қодиров ӯро дар боздоштгоҳи шаҳри Грозний задааст.
Модари Шарофиддин Гадоев, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, ду маъмури интизомӣ аз ӯ дар бораи писаронаш пурсидаанд.
Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон муҳлати ҳабси пешакии рӯзноманигори қазоқистонӣ Думан Муҳаммадкаримро, ки бо гумони "сармоягузории экстремизм" ҳабс шудааст, ду моҳи дигар дароз кард. Дар ин бора вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов 16-уми август хабар дод. Пулиси Қазоқистон Муҳаммадкаримро 28 майи имсол боздошт ва 25 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Вале баъди ба поён расидани муҳлати ҳабси маъмурӣ, зидди вай бо гумони "сармоягузории экстремизм" айб эълом карда шуд. Ҷонибдорони Думан Муҳаммадкарим... Читать дальше...
Роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт, ки бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шуда буд, бо пардохти ҷарима озод шудааст. Масъулини Оҷонсии зидди фасод зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, Холмаҳмад Ортиқов 60 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз толори додгоҳ раҳо гардид. Ортиқови 64-сола аввали имсол боздошт шуда буд. Насриддин Низомзода, сардори Раёсати тафтишотии Оҷонси зидди фасод моҳи феврали имсол гуфта буд, алайҳи роҳбари дастгоҳи ҳукумати Рашт бар асоси қисми 4-и моддаи 247 ё қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт шудааст. Читать дальше...
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости