Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Новости за 02.08.2023

Сел ягона пули деҳаи дурдасти ноҳия Лахшро аз байн бурд

Ozodi.org 

Селе, ки рӯзи 21-уми июл ба ноҳияи Лахш сарозер шуд, пеш аз ҳама заминҳои кишт ва ҳам ҳосили то ҳоло ҷамъоваришударо осеб расонид. Кишоварзон маҷбур ҳастанд барои наҷоти ҳосили картошка аз рӯи пули ларзон убур кунанд. Азиятҳои сокинони деҳоти Лахш дар гузориши Мӯъмин Аҳмадӣ тақдим мешавад.

Тоҷикистон вуруди мошинҳои куҳнаро маҳдуд мекунад

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон қарореро ба тасвиб расонд, ки бар асоси он сар аз соли нави 2024 вуруди мошинҳои истеҳсоли то соли 2013 ба қаламрави кишвар манъ мешавад. Ҳадаф таҷдиди парки нақлиётӣ, ҳифзи муҳити зист ва коҳиши ҳаҷми партовҳо ба ҳаво аст. Барот Юсуфӣ гузориш медиҳад



Дар давраи Толибон дар Афғонистон кишту қочоқи маводи мухаддир хеле афзоиш ёфтааст

Ozodi.org 

Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди сари қудрат баргаштани “Толибон” дар Афғонистон тавлид ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар дар қиёс бо соли 2020 порсол ин мавод дуним баробар бештар аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шудааст.Аз Душанбе гузориши Шаҳлои Абдуллоҳро мебинем

Тоҷикистону Қирғизистон бозорҳои наздимарзиро боз мекунанд

Ozodi.org 

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд мегӯяд бо ҳамтои қирғизаш ба мувофиқае расидааст, ки дарҳои беш аз ду сол бастаи сарҳадро аввал ба рӯи тоҷирону сокинони наздимарзӣ боз намоянд. Фарзон Муҳаммадӣ дар ин бора гузориш медиҳад.

Ахбори Озодӣ аз 2-уми августи соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Раиси Суғд мегӯяд, Тоҷикистону Қирғизистон дар фикри боз намудани бозорҳои наздимарзӣ шудаанд, дар давраи ҳукмронии Толибон дар Афғонистон кишту қочоқи маводи мухаддир беш аз ду баробар афзоиш ёфтааст, вуруди мошинҳои куҳна ба Тоҷикистон маҳдуд мешавад ва матолиби дигар.

Узбекистон муваққатан лимити барқ ҷорӣ мекунад

Ozodi.org 

Вазорати энергетикаи Узбекистон гуфт, ба далели вазъи сангин дар маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетикӣ маҷбуранд, ки барқро дар тамоми вилоятҳои ин кишвар дар соатҳои муайяни рӯз қатъ кунанд. Ин ниҳод афзудааст, ки иқдоми мазкур ба хотири аз ҳад зиёд гарм шудани ҳаво ва таъмиру бозсозиҳои анҷомшуда дар низоми энергетикии Узбекистон дар моҳи июни имсол рабт дорад. Ба иттилои вазорат, рӯзҳои ахир ба далели гармои шадид талабот ба нерӯи барқ дар ин кишвар ду баробар афзоиш ёфта, боиси нуқсон дар хатҳои... Читать дальше...



Муҳоҷири тоҷик дар Русия модару кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод

Ozodi.org 

Як муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург зану кӯдакеро аз коми оташ наҷот додааст. Дар бораи корнамоии муҳоҷир расонаҳои Русия хабар дода, аз ӯ Манучеҳр ном бурдаанд. Сӯхтор рӯзи якуми август дар ошёнаи 25 -уми биное дар шаҳраки Светлий рух додааст. Муҳоҷири тоҷик баъд аз шунидани фарёди зане, ки бо тифли навзодаш дар миёни оташ монда буд ба кӯмак шитофт. Ӯ қабл аз омадани оташнишонҳо дари хонаро шикаста, модару кӯдакро наҷот дод. Муҳоҷири тоҷик ҳангоми сар задани сӯхтор дар баландошёна, дар сохтмоне дар наздикии он кор мекардааст. Читать дальше...

Иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 4-ум то 14-уми август дар пойтахти Беларус - шаҳри Минск баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард. Ба барномаи бозиҳо 20 намуди варзиш шомил аст. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 132 нафар аз рӯи 13 намуд ширкат меварзад. Мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо ба ғайр аз Минск, дар шаҳрҳои Борисов, Брест, Витебск, Гомел, Гродно, Жлобин, Могилёв, Молодечно, Орша ва Солигорск доир хоҳад шуд. Хабаргузории БелТА иттилоъ медиҳад... Читать дальше...

Нархи гушт дар Тоҷикистон аз ҳамсояҳояш баландтар будааст

Ozodi.org 

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон дар қиёс бо ҳафт кишвари дигари шӯравии пешин гаронтар будааст. Тоҷикистон баъд аз Арманистон дуюм кишваре дониста шуд, ки нархи гушт дар он ба фарқ аз аксар дигар кишварҳои минтақа баланд аст. Инро як санҷиши Хадамоти зиддимонополии Қирғизистон дар пайи арзёбии нархи як кило гӯшти гов дар Қирғизистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Беларус ва Русия нашр кардааст. Гаронтарин нарх барои як кило гӯшти гов дар Арманистон ба қайд гирифта шудааст, беш аз 9 долларро ташкил медодааст. Читать дальше...

Зидди президенти собиқи ИМА айби нав эълон шуд

Ozodi.org 

Вазорати адлияи ИМА собиқ президент, Доналд Трампро дар талоши бекор кардани натиҷаҳои интихоботи соли 2020 гумонбар эълон кард. Дар иттиҳоме, ки эълон шудааст, Трамп ва муттафиқонаш дар таҳияи нақшаи муфассали эътироф накардани натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2020, ки дар он Ҷо Байден баранда шудааст ва ба манфиати худ тоб додани натиҷаҳои овоздиҳӣ гумонбар дониста шудааст. Ин парвандаи сеюми ҷиноӣ аст, ки алайҳи Трампи хостори бозгашт ба курсии президентӣ, дар Кохи Сафед эълон шудааст. Читать дальше...

Баъд аз 20 сол ҳукми қотилони муҳоҷиронро эълон карданд

Ozodi.org 

Додгоҳе дар вилояти Маскав ҳукми шаш ҳамроҳи ҷинояткори ашаддии зидди муҳоҷирон бо лақаби Тесакро содир кард. Тесак, ки номи расмиаш Максим Марсинкевич аст, бо қатли муҳоҷирон машғул буд. Бо ҳукми додгоҳ дирӯз, 1-уми август  Андрей Кайл, Семен Токмаков, Алексей Гудилин, Павел Хрулев, Максим Хотулев ва Александр Лисенков барои куштори  чор муҳоҷир дар ҳодисаҳои 20 соли пеш ба мӯҳлатҳои аз 8 то 15 соли зиндон маҳкум шуданд. Қатли ду муҳоҷири тоҷик тирамоҳи соли 2003 рух додааст, вақте бо ваъдаи... Читать дальше...

Биноҳои нави ҳукумат ва порлумон соли оянда ифтитоҳ мешаванд

Ozodi.org 

Биноҳои порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон, ки бо сармояи Чин сохта шудааст, соли оянда ифтитоҳ мешаванд. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон 2-юми август хабар дод.   Сохтмони ин ду бино соли 2018 оғоз шуда буд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Чин барои сохтмони бинои нави порлумон ва ҳукумати Тоҷикистон 1,5 миллиард юан ҷудо кардааст.  Мақомоти Тоҷикистон сохтани ин ду иншоотро "дастгирии беғаразонаи молии кишвари дӯсту ҳамсоя" номиданд, аммо мунтақидон онро як навъ нуфузи дигари Чин ба Душанбе гуфтанд. Читать дальше...

"Барои қабули кӯдакон ба синфи як пул надиҳед". Даъвати мақомот аз сокинон

Ozodi.org 

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо нашри як эълон таъкид кардааст, ки қабули ҳуҷҷати кӯдакони синфи 1-ум ба мактабҳо ройгон буда, талаби маблағ ғайриқонунӣ аст. Ин ниҳод навиштааст, ки дар ҳолати талаб намудани маблағ аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, волидони кӯдак аз онҳо расид (квитансия) барои пардохти маблағ талаб намоянд ё ба ниҳоди масъул шикоят баранд. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, эълони мазкур танҳо барои пешгирӣ ва огоҳ намудани волидон нашр шудааст. Ҳамасола... Читать дальше...

Ҳалокати 2 нафар дар ҷанҷоли муҳоҷирон дар Маскав

Ozodi.org 

Шаби 31 июл ба 1 августи соли 2023 дар як занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирон дар шаҳри Чехови вилояти Маскав ду нафар кушта шуданд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз қавли хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав иттилоъ додааст. Ба навиштаи ин расона, байни гурӯҳи шаҳрвандон муноқиша сар зада, дар ҷараёни он ду нафар аз зарби корд ҷароҳат бардоштанд ва аз захмҳои гирифтаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. То ин дам муфаттишон шахсияти яке аз фавтидагонро муайян кардаанд. Хабаргузории news.ru. навиштааст... Читать дальше...

Cӯхтор дар як баландошёнаи Алмато: 31 кас осеб дидааст

Ozodi.org 

Дар яке аз баландошёнаҳои зист дар маҳаллаи Аккенти шаҳри Алматои Қазоқистон 1 август сӯхтор ба амал омадааст.    Раёсати тандурустии Алмато хабар дода, ки 31 сокиниин бино, аз ҷумла 16 кудак бо нишонаҳои сӯхтагӣ ба бемористон интиқол дода шудааст. "Дар натиҷаи сӯхтор талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст", - омадааст дар иттилоияи раёсат. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон хабар дода, ки 250-300 сокини биноро ба ҷои бехавф кучониданд

Додситон барои блогери узбек 11 соли зиндон талаб кард

Ozodi.org 

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи 1 август аз додгоҳ хостааст, блогер Абдуқодир Муминовро, ки дар тамаъҷӯӣ, қаллобӣ ва иштирок дар порадиҳӣ муттаҳам мешавад, 11 сол зиндонӣ кунад. Дар ин бора хабаргузории "Газете.uz" бо истинод ба хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Узбекистон иттилоъ додааст. Яке аз даъвогарон дар додгоҳ гуфтааст, ки Муминов барои таҳқиқи як мушкили марбут ба корхонаи хиштбарорӣ аз ӯ 10 ҳазор доллар талаб карда, 3800 доллари онро ҳамчун "пешпардохт" гирифта буд. Блогер изҳор дошта... Читать дальше...



Москва

"Динамо" и "Зенит" назвали стартовые составы на матч 26-го тура РПЛ


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин представил масштабную программу фестиваля "Пасхальный дар"



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Антонина Арталевская

звезды шоу-бизнеса посетили весеннюю неделю моды estet fashion week




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

"Динамо" и "Зенит" назвали стартовые составы на матч 26-го тура РПЛ

«Динамо» подложило под «Зенит» бомбу! «Краснодар» может возглавить РПЛ за четыре тура до конца

ЦСКА проиграл «Балтике» в гостевом матче 26-го тура РПЛ


Арина Соболенко

Соболенко пробилась в 1/8 финала турнира в Мадриде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

"Динамо" и "Зенит" назвали стартовые составы на матч 26-го тура РПЛ



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России