Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Август
2023

Новости за 03.08.2023

Баҳси сабти Ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон

Ozodi.org 

Рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) барои сабти номи ҷамъияти зардуштиёни Тоҷикистон ба Кумитаи дин муроҷиат кардааст. Раиси Кумитаи дин мегӯяд, ба ин рӯзноманигор талаботи қонунгузорӣ барои сабти иттиҳодияҳои диниро фаҳмонданд.

Гирдиҳамоиӣ гурӯҳе аз сокинони Қазоқистон бо талаби маоши зиёд

Ozodi.org 

Кормандони ширкати "Интергаз Центральная Азия" дар Қазоқистон дар як муроҷиати видеоӣ аз президенти ин кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев талаб карданд, ки маошашон ба андозаи сад дар сад зиёд карда шавад. Яке аз ин кормандони норозӣ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, соли гузашта ба далели афзоиши таваррум талаб карда буданд, ки маошашон боло бурда шавад. Дар қарордоде, ки имсол бо кормандон имзо шуд, ҳаҷми маоши онҳо танҳо 4,5 дарсад бештар дарҷ гаштааст. Вале кормандон талаб доранд, ки маош сад дар сад зиёд шавад. Читать дальше...



Ахбори Озодӣ аз 3-уми августи соли 2023 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки аснои низоъ дар марз бо Қирғизистон ҳабс шуда буданд, билохира ба хонаҳояшон баргаштанд, се афсари милиса барои куштори боздоштшуда ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуданд ва матолиби дигар.

Эътирози Бишкек ба латукӯби як муҳоҷираш аз сӯи пулиси рус

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба хабари латтукӯб шудани як шаҳрванди ин кишвар, ки дар Русия ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекард, вокуниш кардааст. Ин ниҳод 3 август бо нашри изҳороте гуфт, сафорати Қирғизистон дар Русия бо муҳоҷири латтукӯбшудаи Қирғизистон тамос гирифта, ба ӯ кумаки лозимии ҳуқуқӣ мерасонад. "Ҳамла ба шаҳрванди Қирғизистон 18 июли имсол сурат гирифтааст. Ҷабрдида ба сафорат муроҷиат накард, вале сафорат барои ҳимояти ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯ чораҳои лозимиро меандешад.... Читать дальше...

БДА гуфт, нозирони тасодуфӣ аз кор ронда шуданд

Ozodi.org 

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон эълон кардааст, ки нозирони тасодуфиро аз сафи кормандони ин ниҳод пеш кардаанд. Рустам Мирзомуродзода, сардори тозатаини Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон дар суҳбат бо нашрияи порлумонии «Садои мардум» гуфтааст, ки дар сафи кормандони ин ниҳод афроди тасодуфии зиёд пайдо кардаанд. Ӯ аз гуфтани омори «афроди тасодуфӣ» худдорӣ кардааст, вале гуфтааст, онҳо аз кор ронда хоҳанд шуд. Пештар БДА эълон кард, ки кормандонашро бо супориши президенти Эмомалӣ Раҳмон... Читать дальше...

Дар Туркманистон аз занон хостанд "либоси оддӣ" пӯшанд

Ozodi.org 

Мақомоти вилояти Марии Туркманистон бо заноне, ки дар муассисаву идораҳои давлатӣ кор мекунанд, вохӯриҳо анҷом дода, аз онҳо даъват менамоянд, то "хушахлоқ бошанд ва либоси оддӣ" пӯшанд. Ба бонувон ҳушдор дода мешавад, ки дар сурати риоя накардани ин "тавсияҳо" аз кор ронда мешаванд. "Ба занон боз гузоштани мижа, истифодаи нохунҳои сунъӣ, ранги рӯшан кардани мӯйҳои сарро манъ мекунанд. Ҳамчунин истифодаи ҷавоҳирот низ дар ҷои кор барои онҳо манъ шудааст", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар минтақа. Читать дальше...



Боздошти 60 муҳоҷиру донишҷӯйи тоҷик дар бозори "Садовод"

Ozodi.org 

Субҳи имрӯз пулиси рус дар бозори Садоводи Маскав 60 муҳоҷиру донишҷӯи тоҷикро боздошт кардааст. Муҳоҷирон гуфтанд, панҷ соат боз дар Шӯъбаи пулиси маҳаллӣ қарор доранд, вале ҳанӯз сабаби боздошташонро шарҳ надодаанд. Як тан аз муҳоҷирон рӯзи сеюми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нисфи боздоштшудаҳо донишҷӯёнанд, ки дар рӯзҳои таътил қонунӣ дар бозор мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳама санадҳояшон дуруст аст, вале ҳангоми боздошт аз онҳо ҳуҷҷат напурсиданд. Мақомоти Русия ва сафорати Тоҷикистон... Читать дальше...

Биноҳои бисёртабақаи Тоҷикистон ба зилзила тобовар будаанд

Ozodi.org 

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон иддао дорад, ки биноҳои навбунёд дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар ба зилзила тобовар ҳастанд. Муллораҷаб Юсуфӣ бо Амир Исоев дар нишаст ҳузур доштанд ва ин гузоришро таҳия намуданд.

Номи беш аз 12 ҳазор маҳал ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқ набудааст

Ozodi.org 

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтааст, ки беш аз 12 ҳазор номи мавзеъ ва маҳалҳоро дар Тоҷикистон сабт кардааст, ки тоҷикӣ нестанд. Ҳамкорам Шаҳлои Абдуллоҳ ва Искандари Фирӯз дар ин бора гузориш доранд

Ду маҳбуси тоҷик пас аз як соли истирдод ба Тоҷикистон афв ва озод шудаанд.

Ozodi.org 

Ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки пас аз як муноқишаи марзӣ дар Қирғизистон бо гумони ҷосусӣ боздошт ва ба солҳои тӯлонӣ зиндон шуда буданд, пас аз як соли истирдод ба ватан афв ва озод шудаанд.

Се афсари милиса барои доштани нақш дар марги боздоштшуда 14-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

Ozodi.org 

Додгоҳи вилояти Хатлон ба як парвандаи пурсарусадо нуқта гузошт ва се милисаи муттаҳам дар шиканҷаро дар шаҳри Кӯлоб ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.Ҳамкорам Маҳмудҷон Раҳматзода дар ин бора гузориш медиҳад

"Истиқлол", "Кӯктош" ва "Равшан" - пешсафони мусобиқоти лигаи олӣ

Ozodi.org 

Имрӯз, 3-юми август, нимаи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ мешавад. Ду бозии даври 15-уми мусобиқот бегоҳи панҷшанбе ва се бозии дигар бегоҳи ҷумъа доир мегарданд. 3-юми август дастаҳои «Файзканд» – КМВА ва «Ҳосилот» – «Хатлон» бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. 4-уми август бошад, дастаҳои «Кӯктош» – «Истиқлол», «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Регар-ТадАЗ» рақобат мекунанд. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол»и Душанбе бо роҳбарии сармураббӣ... Читать дальше...

Маъмури пулиси қазоқ барои шиканҷа 6 сол зиндонӣ шуд

Ozodi.org 

Корманди пулиси шаҳри Семейи Қазоқистон Айдина Азонбоев дар доираи парвандаи шиканҷаи Елдос Калиеви 26-сола, ки моҳи январи соли 2022 дар шуъбаи пулис ҷон дод, 6 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дода, ки Азонбоев дар шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколат айбдор мешавад. Додгоҳ ҳамчунин маъмури пешини пулисро вазифадор кардааст, ки ба хонаводаи Калиев 9 миллион танга ҷуброн пардозад. Додситон барои ӯ 10 соли зиндон талаб карда буд. Калиев 10 январи соли 2022 барои нақзи соати комендантӣ дастгир шуда буд. Читать дальше...

Русия шаҳрванди Узбекистонро баъди маргаш "муҷозот" мекунад

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Маскав парвандаи маргталаберо, ки моҳи сентябри соли 2022 худро дар назди сафорати Русия дар шаҳри Кобул тарконид, баррасӣ мекунад. Нашрияи "Коммерсант" бо истинод ба Додситонии кулли Русия хабар дода, ки ҳамларо шаҳрванди Узбекистон Хусанҷон Осимӣ анҷом дода буд. Тибқи иттилои манбаъ, Осимӣ солҳои ахир дар Афғонистон мезист ва узви шохаи "Хуросон"-и гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" буд. Мақомоти Русия зидди ӯ бо банди "иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ ва амали террористии байналмилалӣ" парванда боз кардаанд.



Москва

Миллионы — в хлам. Мажоры и блогеры разбивают в Москве дорогущие машины


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин поздравил работников скорой помощи с профессиональным праздником



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Концерт

Концерт «Стихи войны и мира. Баллада о своих»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

«Динамо» подложило под «Зенит» бомбу! «Краснодар» может возглавить РПЛ за четыре тура до конца

ЦСКА уступил "Балтике" в 26-м туре чемпионата России

"Зенит" потерпел второе поражение подряд в РПЛ


Елена Рыбакина

Елена Рыбакина рассказала о проблемах на турнире в Мадриде



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России