Чаро хокбориш фазои Тоҷикистонро “гирифт”?
Хокбод ё хокбориш соли гузашта дар фазои Тоҷикистон 94 рӯз “ҳоким” будааст.
Хокбод ё хокбориш соли гузашта дар фазои Тоҷикистон 94 рӯз “ҳоким” будааст.
Даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар рӯзи 2-юми феврал бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Урдун оғоз меёбад. Дар шаҳри Ал-Райян, варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ, соати 16:30 бо вақти Душанбе.
Cоли гузашта дар Тоҷикистон даҳҳо нафар ба як бемории хатарноке гирифтор шудаанд, ки аз ҳайвон сироят мекунад ва дар сурати саривақт муолиҷа накардан сабаби марг хоҳад шуд.
Cоли гузашта дар Тоҷикистон даҳҳо нафар ба як бемории хатарноке гирифтор шудаанд, ки аз ҳайвон сироят мекунад ва дар сурати саривақт муолиҷа накардан, инсонро мекушад.
Даҳҳо мошини борбар дар гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек”, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шудаанд. Сабаб рухсатнома ё иҷозаи гузаштан ба он сӯйи марз аст. Ронандагон мегӯянд, санадро Вазорати нақлиёт медиҳад, вале нархи онро якбора боло бурдааст. Шарҳи расмӣ дастрас нест.
Даҳҳо мошини борбар дар гузаргоҳи “Фотеҳобод - Ойбек”, дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон, ҷамъ шудаанд. Сабаб рухсатнома ё иҷозаи гузаштан ба он сӯйи марз аст. Ронандагон мегӯянд, санадро Вазорати нақлиёт медиҳад, вале нархи онро якбора боло бурдааст. Шарҳи расмӣ дастрас нест.
Мақомот гуфтаанд, ки барои пуле, ки ҳангоми убури як мошини гаронвазн дар ноҳияи Восеъ шикаста буд, як миллион сомонӣ зарур аст.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум "суръати рушди иқтисод" номид. Бархе ба дурустии он шубҳа доранд ва, баръакс, содироти нерӯи барқро ба хориҷа далели асосӣ медонанд.
Дар нишасте дар Женева аз мансабдорони Тоҷикистон дар бораи рӯзноманигор ва фаъоли зиндонии ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева пурсиданд.
Додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Қазон (Русия) ҳабси Алсу Қурмашева, хабарнигори бахши тоториву бошқирдии Радиои Озодиро то 5-уми апрели имсол дароз кард. Қарор рӯзи якуми феврал содир шуд.
Каникей Арановаи 37-соларо дар Маскав боздошт ва ба мақомоти Қирғизистон таслим кардаанд. Арановаи қирғизистонӣ пештар аз интиқоли обанбори Кампиробод ба Узбекистон танқид карда буд. Дар ин бора Ирисгул Аранова, хоҳари Каникей хабар дод.
Хадиҷаи 24-сола, духтари Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон, муовини аввали раиси дастгоҳ ва ҳукумати ин ҷумҳурии зери итоати Русия таъйин шуд.
Дар натиҷаи садамаи қатора (поезд) бо мошини сабукрав дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон панҷ узви як хонавода ҷон бохтаанд. Ду нафар маҷруҳ ҳастанд.
Бо идомаи ҷанг дар Ғазза ва авҷ гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна, Кохи Сафед мегӯяд, ҷӯёи ҷанг бо Эрон нест. Ин дар ҳолест, ки баъди кушта шудани се сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи паҳпод дар Урдун, раисҷумҳур Ҷо Байден гуфт, омилони ҳодиса ҷазо мегиранд.
Пажӯҳишгоҳи Байнулмилалии Матбуот ё International Press Institute (IPI) гуфтааст, лоиҳаи қонун "Дар бораи расонаҳо", ки дар порлумони Қазоқистон баррасӣ мешавад, ба вазъи озодии баён дар ин кишвар таъсири бад хоҳад расонд.
Ба иттилои расмӣ, ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон дар Тоҷикистон соли гузашта зиёда аз 3,8 миллиард сомонӣ даромад гирифтаанд.
68 варзишгари тоҷик ва мураббиёни онҳо барои дастовардҳо дар мавсими соли 2023 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бо ҷоизаи президенти Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.
Оҷонси обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 3 ва 4-уми феврал дар бештари ноҳияҳо борон ва барф меборад.
Кумитаи андоз (молиёт)-и Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта блогерони тоҷик 33,5 миллион сомонӣ ё тақрибан 3 миллион доллар даромад доштаанд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум эълом кард.
Як шабакаи телевизионӣ дар Исроил гузориш дод, ки раиси Созмони истихборотии Исроил (Моссад) як тарҳи иборат аз 9 моддаро дар бораи озодии гаравгонҳое, ки гурӯҳи "Ҳамос" ҳанӯз дар ихтиёр дорад, ба кобинаи ҷанги Исроил пешниҳод кардааст.
Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).
103news.com — живые новости в прямом эфире!
В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.
Музыкальные новости