Давлатманди Хол, фалаксарои маъруф, даргузашт
Давлатманди Хол (Давлатманд Холов), ҳунарманди саршинос ва фалаксарои маъруфи тоҷик, рӯзи 18-уми феврал даргузашт. 74 сол дошт. Саҳифаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар Фейсбук навишт, ки "тайи чанд муддати охир дар бистари беморӣ буд".