Ҳамсараш мегӯяд, хабарнигори боздоштшуда ҳеч кори хато накардааст
Саида Қурбонова, ҳамсари Далер Шарифов, хабарнигори боздоштшудаи тоҷик мегӯяд, ҳамсараш ҳеч кори хилофи қонун накардааст. Хабарнигор ба "барангехтани кинаю адовати миллӣ ва динӣ" муттаҳам мешавад. Додгоҳ рӯзи 30-уми январ амр дод, ки ӯро 2 моҳ дар боздошт нигаҳ доранд.