Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон дар Тайланд

0
Бохти мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Эрон дар Тайланд

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассиси 44-солаи гурҷӣ, дар аввалин дидори худ дар мусобиқаи байналмилалӣ («SAT International Futsal Championship 2020») дар Тайланд рӯзи 2-юми феврал аз тими Эрон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020», ки то 8-уми феврал дар шаҳри Ҳатяйи музофоти Сонгкҳлаи Тайланд идома меёбад, дар ҳайати ширкаткунандагони мусобиқа баъзе тағйирот ба амал омад.

Ба иллати авҷ гирифтани коронавирус дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Кувайт аз ширкат дар мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд даст кашиданд. Ба ҷои онҳо мунтахаби Мянмар ва дастаи дувуми Тайланд иштирок мекунанд.

 

Мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳи тими Эрон ва дастаи дувуми Тайланд ба гурӯҳи “В” шомиланд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Тайланд, Мянмар ва Малайзия дохиланд.

Мунтахаби Эрон, ки қаҳрамони бисёркаратаи Осиё мебошад, ба Тайланд бо ҳайати дувум омадааст. Дар бозӣ бо дастаи Тоҷикистон эрониҳо бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Умед Қузиев ва Шавкат Ҳалимов ба самар расониданд.

Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа дастаи мизбон – Тайланд - бар мунтахаби Малайзия бо ҳисоби 4:3 ғалаба кард.

Мунтахаби Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, бо дастаи дувуми Тайланд рақобат мекунад. Бозӣ соати 17:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Фарватер», Қирғизистон), Муродулло Алиқулов («Соро компания»);

Бозигарон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарипов (ҳарду аз «Фарватер», Қирғизистон), Рустам Ҳамидов, Умед Қузиев (ҳарду аз «Спартак», Қирғизистон), Дилшод Саломов, Шавкат Ҳалимов, Парвиз Раҳматов, Иқбол Воситзода, Баҳодур Хоҷаев (ҳама аз «Сипар»), Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гулаков (ҳарду аз  «Соро компания»), Қувватбек Равшанбеков («Помир»).

Сармураббӣ – Александр Дзабирадзе (Гурҷистон).

Бар асоси дастури мусобиқа аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳӣ дудастаӣ ба нимфинал роҳ пайдо мекунанд. Баъдан ғолибон дар финал бозӣ хоҳанд кард.

Иштирок дар мусобиқаи «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд барои мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қаҳрамонии Осиё-2020 маҳсуб мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё, ки аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқобод баргузор мешавад, бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат мекунад.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2020, ки аз 12-уми сентябр то 4-уми октябр дар Литва барпо мегардад, мушарраф мешаванд.

Мусобиқаи байналмилалии «SAT International Futsal Championship 2020» дар Тайланд

Гурӯҳи «А»: Тайланд, Мянмар, Малайзия

Гурӯҳи «В»: Эрон, Тоҷикистон, Тайланд-2

 

Даври 1-ум

Тоҷикистон – Эрон – 2:3

Голҳои Тоҷикистон: Умед Қузиев, Шавкат Ҳалимов. 

Тайланд – Малайзия – 4:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ 

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тайланд

1

1

0

0

4-3

3

2

Эрон

1

1

0

0

3-2

3

3

Тайланд-2

0

0

0

0

0-0

0

4

Малайзия

1

0

0

1

3-4

0

5

Тоҷикистон

1

0

0

1

2-3

0

 

Тақвими бозиҳо:

Даври 2-юм. 3-юми феврал (душанбе)

14:30 – Тоҷикистон – Тайланд-2

17:00 – Малайзия – Мянмар

Даври 3-юм. 4-уми феврал (сешанбе)

14:30 – Тайланд-2 – Эрон

17:00 – Мянмар – Тайланд

6-уми феврал (панҷшанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум

11:00 – 3 «А» – 3 «В»

Нимфинал

14:00 – 1 «В» – 2 «А»

17:00 – 1 «А» – 2 «В»

8-уми феврал (шанбе)

14:00 – Бозӣ барои ҷои севум

17:00 – Финал

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - бо вақти Душанбе





Губернаторы России
Москва

Собянин: Трасса Солнцево — Бутово — Варшавское шоссе будет готова в 2026 году





Москва

В Подмосковье сотрудники Росгвардии задержали подозреваемого в краже товаров из магазина


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Михаил Кутушов

Доктор Кутушов заявил, что оливковое масло предотвращает повреждение мозга




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

ТАСС: Паралимпийский комитет России провел урок и мастер-классы для участников СВО

ЦСКА разорвал дистанцию // Армейцы увеличили преимущество в финальной серии Единой лиги ВТБ

Сделано в СССР. Первое историческое ралли в Москве стартует 2 июня


Андрей Рублёв

Теннисист Рублев объяснил, почему проиграл сет в первом круге "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Молдавии Санду уличили в приравнивании партнерства с Россией к госизмене



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России