Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

ИМА: Дигаргуниҳои Осиёи Марказӣ фазои нави ҳамкориро боз мекунанд

0
ИМА: Дигаргуниҳои Осиёи Марказӣ фазои нави ҳамкориро боз мекунанд

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки роҳбарияти нав дар Осиёи Марказӣ ва ҳамкориҳои беҳтари байни давлатҳои ин минтақа барои Вашингтон имкониятҳои бештари таҳкими ҳамкориҳоро бо ин қаламрави дорои захираҳои ғанӣ фароҳам меоранд.

Муовини аввали ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Миёна Элис Уэллс рӯзи 5 феврал гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида стратегияи минтақавии худро бо назардошти рӯйдодҳои панҷ соли охир бозбинӣ кардааст.

"Мо комилан рушан мебинем, ки мо дар арафаи имкониятҳои нав ҳастем", гуфт Уэллс як рӯз пас аз бозгашташ аз сафари ин минтақа ҳамрок бо котиби давлатӣ Майк Помпео.

Ҳукумати президент Доналд Трамп хостори густариши нуфузи ИМА дар Осиёи Марказӣ - роҳи асосии заминӣ дар байни Аврупо ва Осиёст, ки аз конҳои калони нафту газ пур аст ва ин амал қисман барои подвазнӣ дар муқобили рақибони ҷаҳонияш Русия ва Чин дар пеш гирифта мешавад.

ИМА ҳамчунин дар талошҳои худ барои поёнбахшӣ ба ҷанги қариб бистсола дар Афғонистони ҳамсоя ба дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ умед мебандад.

Уэллс гуфт, президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев, ки дар соли 2016 раҳбарии бузургтарин кишвари минтақаро ба даст овардааст, "сиёсати дурандешона" -и худро барои роҳандозии ислоҳоти дохилӣ ва рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ истифода кардааст.

Панҷ раҳбари Осиёи Марказӣ, минатқае, ки Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро дар бар мегирад, дар соли 2018 мустақилона мулоқот карданд, то бори аввал дар даҳсолаҳои ахир ҳамкориҳои байнихудиро баррасӣ кунанд ва соли баъдаш боз чунин дидор баргузор гашт. Ин таҳаввулро Уеллс муҳим номид. "Мо шоҳиди тағйири бузурге дар худшиносии минтақа шудем."

Лиза Куртис, ки оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед раҳнамоӣ мекунад, мегӯяд, чунин ҳамкориҳои минтақаӣ "панҷ сол қабл дида намешуд."

Мақомот гуфтанд, ки Иёлоти Муттаҳида лоиҳаҳоеро дастгирӣ мекунад, ки минтақаро мисли тору пуд бо ҳам зич пайванд кунанд. Аз ҷумла бунёди шабакаи ягонаи барқ яке аз онҳост. Он инчунин бо панҷ давлат дар самти ҳамгунсозии раводиди сафар ва мароҳили гумрукӣ ҳамкорӣ мекунад, то монеаҳои тиҷорати ғайритаъруфаӣ коҳиш ёфта, равобит ва тиҷорати наздимарзӣ густариш ёбад.

Дар ин замина изҳори умедворӣ мешавад, ки иҷрои тарҳи содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон ба субот ва рушди иқтисодии Афғонистони ҷангзада кумак мекунад ва ин яке аз хостаҳои стратегии Иёлоти Муттаҳида аст.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, ки ҳадафҳои кулли стратегияи Вашингтон нисбати Осиёи Марказӣ яксон боқӣ мондаанд ва ин ҳифзи эътидоли минтақа ва озодии он аз тобеият аз ягон қудрат аст.

Нуфузи Чин дар минтақа зимни сармоягузориҳои густардаи Пекин ба зербинои кишварҳои камбизоате ба монанди Тоҷикистон ва Қирғизистон афзуда ва мумкин аст, ки ин кишварҳо дар бозгардони қарзҳои ҳангуфти Чин бо мушкил рӯбарӯ шаванд. Вашингтон ба ин кишварҳо кумак мекунад, то рушан гардад, ки оё ин тарҳҳо ба андозаи қарзҳои гарон баробарӣ мекунанд ё не.

Мақомот мегӯянд, ки афзоиши сармоягузории хориҷӣ ба Осиёи Марказӣ ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки ин кишварҳо то куҷо ислоҳоти минбаъдаро барои таҳким додани волоияти қонун идома медиҳанд.

Куртис аз раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки озодиҳои демократиро бо таъсиси “низомҳои фарогири сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи мунтазам” беҳтар кунанд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин: фонд музея "Царицыно" собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Башмет

В Красноярске завершился 4 фестиваль под руководством Юрия Башмета




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

МегаФон привёз спасателям и пожарным грузовик связи

Больше всего работников с креативными идеями работает в ритейле и спорте

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете


Ролан Гаррос

Соболенко победила на старте открытого чемпионата Франции по теннису



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» легально изготавливает армии и спецслужбы. 6 серия. СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России