Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Пешниҳоди вазорат: "Хизмати ҳарбӣ ним сол кам карда шавад". Оё "облава" аз байн меравад?

0
Пешниҳоди вазорат:

Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ба қонуни хизмати ҳарбӣ тағйирот пешниҳод шудааст, ки бар асоси он, мӯҳлати хизмати ҳарбӣ дар кишвар аз 2 ба 1,5 сол кам карда мешавад. Мақомот мегӯянд, ин пешниҳод баъди мувофиқа бо вазорату идораҳо ба Дастгоҳи иҷроияи президент ирсол шудаст. Дар гузашта бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карда буданд, ки мӯҳлати хизмат дар артиш кам карда шавад, то ҳолатҳои даъвати иҷбории ҷавонон ба хизмати аскарӣ аз байн равад.

Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали Вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ҳадаф аз кам кардани мӯҳлати хизмати ҳарбӣ, ҳарчӣ хубтар ҷалб кардани ҷавонон ба артиш ва аз байн бурдани "облава" мебошад.

"Лоиҳаи қонун ба Дастоҳи иҷроияи президент равон карда шуд, дар мувофиқаи ҳама вазорату идораҳо, баъзе гуфтанд, мӯҳлати хизматро яксола кунем, ҳозир ба якуним сол қарор додем. Яъне ним сол кам кардан дар лоиҳа пешбинӣ шудагӣ аст",-гуфт Холиқзода.

Аммо муовини аввали Вазири адлия гуфт, дар тағйирот ба қонун, хизмати алтернативӣ пешбинӣ нашудааст, ҳарчанд дар ин бора баҳсҳо зиёд аст. Абдуманнон Холиқзода гуфт, шояд дар оянда Тоҷикистон таҷрибаи хизмати алтернативиро баррасӣ кунад.

 

Масъулини Вазорати адлия мегӯянд, кам кардани муҳлати хизмат дар артиш пешниҳоди Вазорати дифоъ мебошад. Мақомоти Вазорати дифоъ дар ин бора то ҳол изҳори назар накардаанд, аммо дар гузашта гуфта буданд, ки мавзӯи кам кардани мӯҳлати хизматро меомӯзанд.

Баъзе аз созмонҳо қаблан даъват карда буданд, ки хидмат дар Тоҷикистон як сол таъйин шавад ва ё ҳар касе имкони хидматро надорад, ба будҷа расман пул супорад. Мӯҳлати ҳатмии дусолаи хидмат дар сафи нерӯҳои мусаллаҳои Тоҷикистон аз муқарраротест, ки аз замони Шӯравӣ омадааст.

Масъалаи кам кардани мӯҳлати хизмат дар артиш беш аз панҷ сол аст, ки идома дорад. Дар гузашта мақомот гуфта буданд, мавзӯъро меомӯзанд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, кам кардани мӯҳлати хизмат дар артиш дар сурати иҷро шудан, яке аз ислоҳотҳои муҳим хоҳад буд.

Дилафрӯз Самадова, намояндаи созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ рӯзи 7-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, коҳиш додани мӯҳлати хизмати сарбозон, боиси пешгирӣ аз "дедовшина" дар артиш мешавад. Чун ба гуфтаи хонум Самадова, амалҳои ғайрионнимавӣ ё "дедовшина" бештар миёни навдаъватшудагон ва сарбозони собиқадор сар мезанад.

"Кам кардани мӯҳлати хизмат яке аз тавсияҳои мо аст, ки ҳамасола пешниҳод мешавад. Ин кор на танҳо барои паст кардани сатҳи "дедовшина", балки барои пайдо шудани шавқ барои хизмат кардан мусоидат мекунад"-таъкид мекунад Дилафрӯз Самадова.

Ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ афзуд, ба ҷуз аз коҳиш додани мӯҳлати хизмат, бояд хизмати алтернавтивӣ низ ҷорӣ шавад. Ин намуд хизмат ба гуфтаи Дилафрӯз Самадова, бештар барои онҳое зарур аст, ки бар асоси эътиқоди динии худ дар артиш хизмат карда наметавонанд.

Хидмати алтернативӣ ин аст, ки ба ҷои 2 соли хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, ҷавонони синни даъват ба кор дар сохторҳои иҷтимоии кишвар, мисли хонаи пиронсолон, кӯдакистон ё бемористонҳо ҷалб мешаванд ва ҳиссаи муайяни дастмузди худро барои таъмини молии аскарон ба вазорати дифоъ месупоранд.

Дар Тоҷикистон даъват ба хизмат дар артиш соле ду бор-баҳору тирамоҳ сурат мегирад ва дар ҳар даъват аз 15 то 16 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди синни даъватӣ дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари аз ин шумора аз хидмати артиш озод ҳастанд.





Губернаторы России
Москва

Собянин: Завод по производству препаратов из плазмы крови человека появится в РФ





Москва

США и Европа "подготавливают" Россию и Ближний Восток для переселений?!


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Московский городской транспорт на 100 процентов отечественный



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Баста

«Пытаются продвигать за наш счет свои услуги»: в Красноярске появилась фейковая реклама VK Fest с Бастой




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В Швейцарии завершился чемпионат Европы по спортивной и фитнес-аэробике

Футбольная сборная России забила Белоруссии 4 безответных мяча

В ТРЦ «Звезда» проходит финальная игра 1/4 Центральной лиги КВН «Самара»


Александр Зверев

Зверев сыграет с Алькарасом в финале "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Бизнес

Генеральный директор КА «Главный Советник» принял участие в Бизнес-диалоге «Россия – Венесуэла»



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России