Писари сиёсатмадори Афғонистон бародарашро кушт
Боқир Муҳаққиқ, писари Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон субҳи 9-уми феврал дар як тирандозӣ аз сӯи бародараш кушта шуд.
Сайид Муҳамммад Рушандил, фармондеҳи пулиси Кобул ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса дар пайи тирандозии Ҳусейн Муҳаққиқ, писари дигари Муҳаммад Муҳаққиқ дар дохили манзили зисташон рух додааст.
Худи Ҳусейн Муҳаққиқ ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.
Пулис ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Наздикони Муҳаммад Муҳаққиқ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳолати равонии Ҳусейн Муҳаққиқ, ки тирандозиро сар кардааст, хуб набуд.
Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари ҳизби ваҳдати исломии Ағфонистон аз чеҳраҳои шинохта дар ин кишвар дониста мешавад.
Ӯ дар интихоботи президентии имсол дар Афғонистон узви дастаи интихоботии доктор Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумат буд.