Манбаъ: Ҳукумат қурби манати туркманиро тағйир додан мехоҳад
Ҳукумати Туркманистон тасмим дорад, ки қурби манати туркманиро дар баробари доллари амрикоӣ тағйир диҳад. Дар ин бора як манбаъ аз Бонки марказии Туркманистон 10-уми феврал хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, интизор меравад, қурби нави 1 доллари амрикоӣ дар Туркманистон 8 ё 10 манат муайян карда шавад.
Қурби расмии асъори хориҷӣ дар Туркманистон, ки аз сӯи Бонки марказии ин кишвар таъйин мешавад, бори охир соли 2015 расман тағйир ёфта буд. Он замон арзиши 1 доллар 3,5 манат муайян шуд. Табодули нақдинаи асъори хориҷӣ аз соли 2016 манъ аст.
Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, 10-уми феврал дар вилояти Лебап 1 доллари амрикоиро аз даст 20,2 манат харидаанд.