Боздошти як шаҳрванди Узбекистон бо 300 ниқоби тиббӣ дар марзи Қирғизистон
Як шаҳрванди Узбекистон ҳангоми берун бурдани 300 ниқоби тиббӣ аз Қирғизистон боздошт шудааст.
Шаҳрванди 19-солаи Узбекистонро дар гузаргоҳи "Маданият-автодорожний"-и Қирғизистон дастгир кардаанд. Ҳангоми бозҷӯӣ аз ҷомадони ӯ ниқобҳои тиббӣ пайдо кардаанд. Марзбонон ӯро ба кормандони пулис таслим кардаанд.
Қирғизистон дар пайи ошкор ва паҳн шудани коронавирус дар Чин аз 3 феврал содироти як қатор дору ва ниқобҳои тиббиро манъ кард. Ба дорухонаҳо тавсия шуд, ки ба ҳар як шаҳрванд аз 20 ниқоб бештар нафурӯшанд.
Пештар расонаҳо хабар доданд, ки тақрибан 70 дарсади дорухонаҳои Узбекистон тамоми захираи ниқобҳои тиббиашонро фурӯхтаанд ва дар дорухонаҳои боқӣ нархи як ниқоби тиббӣ, ки қаблан 500 сӯм буд, то ба 1000-5000 сӯм боло рафтааст.