Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Дар Тоҷикистон миёнаҳол, дар хориҷа камбизоат. Кистанд онҳо?

0
Дар Тоҷикистон миёнаҳол, дар хориҷа камбизоат. Кистанд онҳо?

Ба арзёбии Оҷонсии омори Тоҷикистон ҳар чаҳорумин тоҷикистонӣ шомили табақа ва ё қишри миёна аст ва сатҳи зиндагии худро метавонад миёнҳол тавсиф кунад. Ба ҳисоби ин ниҳод, шахсе дар Тоҷикистон ба қишри миёнҳол шомил аст, ки дар як моҳ беш аз 356 сомонӣ харҷ кунад. Аз рӯи ин меъёр 24 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба қишри миёна шомил ҳастанд. Аммо агар ин меъёр бо мизони табақаи миёнаи ҷаҳонӣ қиёс шавад, қишри миёнаҳоли Тоҷикистон дар берун камбизоат ба шумор мераванд.

Дар арзёбии некӯаҳволии мардум, Оҷонсии омор на сатҳи даромад, балки хароҷотро ченак қарор додааст. Масъулон мегӯянд, сокинон ба ошкор кардани даромади худ чандон моил нестанд ва аксар вақт мекӯшанд, онро пинҳон доранд. Аз ин рӯ, оҷонсӣ барои муайян кардани сатҳи зиндагии мардум на дунболи даромади хонаводаҳо, балки аз пайи хароҷот рафтааст.

Абдувалӣ Қулов, як масъули Оҷонсии омори Тоҷикистон рӯзи 10-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар назарсанҷиҳо хонаводаҳо дар бораи хароҷоти худ нисбатан ошкоро сӯҳбат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, Оҷонсии омори Тоҷикистон дар арзёбии некӯаҳволии мардум аҳолии кишварро ба даҳ табақа тақсим мекунад.

Ӯ гуфт, "бино бар маълумоти охирине, ки дар даст дорем, марзи қишри миёнҳоли аҳолӣ 356 сомонӣ муайян шудааст. Яъне, оилае, ки ҳар узваш моҳе аз 356 сомонӣ бештар маблағ масраф мекунад, ба табақаи миёна дохил карда мешавад. Он қисмати аҳолӣ, ки хароҷоти як нафар аз 356 сомонӣ боло то 567 сомонӣ аст, ба табақаи миёна дохил мешавад".

 

Онҳое ки дар як моҳ аз 567 сомонӣ бештар харҷ мекунанд, ба арзёбии Оҷонсии омор, қишри дорои аҳолӣ маҳсуб мешаванд. Агар сатҳи хароҷоти қишри миёнаи аҳолии кишварро бо мизони табақаи миёнаи байналмиллалӣ қиёс кунем, маълум мешавад, ки миёнҳолони тоҷикистонӣ дар хориҷ камбизоат ҳисобида мешавад.

Барои мисол, бино бар меъёрҳои байналмиллалӣ, шахсе шомили табақаи миёна аст, ки дар як шабонарӯз аз 56 сомонӣ (5,6 доллар) то 115 сомонӣ (11,5 доллар) харҷ мекунад. Яъне дар як моҳ 1780 сомонӣ, ки аз хароҷоти шахси миёнҳол эътирофшуда дар Тоҷикистон сеюним баробар бештар аст.

"Ин пул танҳо барои хариди памперс мерасад"

Мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар чанд соли охир поён меравад. Сатҳи фақр аз 35 дарсади соли 2015 то 29 дарсад дар соли 2019 коҳиш ёфт. Аммо шумори миёнҳолон ҳадди ақал се соли охир да сатҳи 24 дарсад боқӣ мондааст.

Алишери Камолиддин, ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, агар меъёри 356-сомонаи Оҷонсии оморро ба инобат гирем, ӯ ва ду узви оилааш ба қишри миёна ворид мешаванд, чун хароҷоти ҳар узви хонаводааш аз ин бештар аст.

"Бубинед, ман барои писари хурдам ҳар моҳ 300 сомонӣ танҳо барои памперсаш сарф мекунам. Хароҷоти моҳона аз 2 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аммо ман дар мошини иҷора таксӣ меронам, иҷоранишин ҳастам. Ҳама пули ёфтаам барои ҳамин харҷҳо ва хариди хӯрок сарф мешавад. Пул ҷамъ карда наметавонем. Намедонам акнун ман камбизоатам ва ё миёна? Албатта, ба ҳаминаш ҳам шукр", хулоса кард ҳамсӯҳбати мо.

Ин танҳо Алишер нест, ки дар тавсифи вазъи зиндагияш дудила аст.

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд бархурди тоҷикон ба сатҳи зиндагӣ бисёр субъективӣ аст ва назарпурсии оддӣ наметавонад воқеиятро ошкор созад. Ин пажӯҳишгари тоҷик, ки даҳҳо назарпурсӣ ва тадқиқот анҷом додааст, мегӯяд, бинобар мафкура ва ё хулқи миллии тоҷикӣ, одамон дар Тоҷикистон намехоҳанд камбизоат будани худро эътироф кунанд.

"Бисёриҳо аз камбизот эътироф кардани худ шарм медоранд. Пурсед, мегӯянд, "Худоро шукр, ҳама чиз дорем, нон дорем, бачаҳо мактаб мераванд, либос доранд". Аммо вақте бо чашми худ бо вазъи оилавии ин одам шинос мешавед, шароити зиндагиашро мебинед, бовар ҳосил мекунед, ки ба қишри миёна ӯро шомил карда намешавад",- иброз дошт Олимов. 

Бори охир талоши муайян кардани шумори қишри миёна дар Тоҷикистон соли 2015 аз сӯи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон сурат гирифта буд. Пажӯҳишгарони ин марказ он замон мушаххас карда буданд, ки ҳар хонаводае, ки дар Тоҷикистон солона 30 ҳазор сомонӣ ё бештар аз он даромад ба даст меорад, соҳиби маълумот, манзил ва мошин аст, пасандози зиёд ва имкони молӣ барои истироҳат ва таҳсили фарзандон дар дохилу хориҷро дорад, қишри миёна шумурда мешавад. Аз рӯи ин меъёр, 22 дарсади аҳолии Тоҷикистон табақаи миёнҳол эътироф шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки музди кори сокинони Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ пасттарин дониста шуда, ба ҳисоби миёна чизе бештар аз 100 долларро ташкил медиҳад.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 5 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Сергей Собянин назвал победителей конкурса «Педагоги года Москвы»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Джиган

Бесконечный отдых закончился: Джиган и Оксана Самойлова стали участниками шоу «Выжить в Дубае»




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер


Миомир Кецманович

Кецманович отказался от борьбы в игре с Медведевым на "Ролан Гаррос"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

When Narine asked Gambhir 'can I bring my girlfriend to IPL?'



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России