Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад

0
Ҳомиёни ҳуқуқ аз Тоҷикистон хостанд, хабарнигорро озод кунад

Се созмони ҳомии ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, Далер Шарифов, хабарнигори мустақили тоҷикро, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шуд, фавран аз зиндон раҳо кунад.  Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, рӯзи 11-уми феврал бо нашри як баёнияи муштарак ҳамчунин аз мақомот хостаанд, тазмин бидиҳанд, ки бо Далер Шарифов бадрафторӣ сурат намегирад ва шиканҷа намешавад.

Хабарнигори 31-соларо рӯзи 28-уми январ дастгир карданд ва ӯро дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳ медоранд. Мақомоти интизомӣ ӯро “ба барангехтани кинаву адовати миллӣ ва динӣ” муттаҳам мекунанд. Иттиҳомоте, ки вакили дифоъ ва хешовандонаш беасос номидаанд.

Дар баёнияи ҳомиёни ҳуқуқ омадааст, Далер Шарифов, ки зуд-зуд масоили баҳсбарангез, ба мисли ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи мазҳабиро инъикос ва ҳукуматро барои сиёсатҳояш дар арсаҳо танқид мекард, зоҳиран барои ҳамин фаъолиятҳояш ба ҷиноят муттаҳам шудааст.

Бёрн Энгесланд, мудири кулли Кумитаи Норвегии Ҳелсинки дар ин баёния гуфтааст: “Тоҷикистон дар авҷи як бӯҳрони ҳуқуқи инсон аст. Дар инҷо мақомот тамоми мухолифон ва дигарандешонро нафасгир кардааст ва Далер Шарифов, яке аз хабарнигорони мустақили ангуштшумор дар дохили кишвар аст. Иттиҳомот ба зидди ӯ баёнгари беэҳтиромӣ ба озодии баён дар Тоҷикистон аст.”

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Далер Шарифов дар 6 соли гузашта "200 матлабу мақолаи дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ" нашр кардааст, ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ..  равона шудаанд." Аммо вакили дифоаш ва ҳамсараш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Далер Шарифов ҳеҷ гуноҳе накардааст ва иддаоҳо асосе надоранд.

Дар баёнияи се созмони ҳомии ҳуқуқ омадааст, аз соли 2015 инҷониб вазъи ҳуқуқи инсон, мурооти ҳаққи мардум ба озодии баён бадтар шуд, мухолифонро саркӯб карданд ва фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ танг гашт.  Дар идомаи баёния омадааст, “Дар Тоҷикистон анҷом додани таҳқиқоти журналистӣ ва ё нашри гузоришҳо дар бораи масоиле, ки мақомот “ҳассос” мешуморанд, тақрибан номумкин шудааст, чун амнияти хабарнигор ва хешовандони ӯ зери хатар мемонад.”

Дар ин баёния Бриҷит Дюфур, мудири созмони Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, Далер Шарифовро фавран озод кунад. Ӯ гуфтааст: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, амнияти Далер Шарифовро кафолат бидиҳад, тамоми иттиҳомот ба зидди ӯро беэътибор ва худашро фавран раҳо кунад. Онҳо бояд замонат бидиҳанд, ки ӯ аз ҳаққи худ барои озодии баён истифода барад.”





Губернаторы России
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: 10 тыс. человек получили медпомощь в обновленных приемных отделениях



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Виктор Цой

Песни Виктора Цоя исполнит оркестр в Хабаровске




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

Команда Центрального округа Росгвардии стала призером на чемпионате по пожарно-спасательному спорту в Москве (видео)


Сюзанн Ленглен

Матч Котова и Вавринки перенесли на корт Сюзанн Ленглен



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России