Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Февраль
2020

Коронавирус воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистонро кам кард. ВИДЕО

0
Коронавирус воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистонро кам кард. ВИДЕО

Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи хуруҷи коронавирус дар Чин, ҷониби Тоҷикистон дар воридоти моли чинӣ маҳдудият ҷорӣ накардааст. Аммо мақомот мегӯянд, аллакай дар моҳи феврал воридоти мол аз Чин коҳиш ёфт. Чин яке аз кишварҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон аст, ки бештари молҳои ниёзи мардум аз онҷо ворид мешавад. Аз ҳоло нигарониҳое вуҷуд дорад, ки коҳиши воридот аз Чин ба нархи бозор таъсир мегузорад.

Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал зимни нишасти хабарӣ талош кард нишон диҳад, ки пайдоиши вируси нав ҳеч мушкиле дар додугирифт бо Чин ба миён наовардааст. Ҳарчанд оморҳои худи Хадамоти гумрук нишон медиҳанд, ки дар моҳи феврал 51 мошини борбар камтар мол аз Чин ворид шудааст, аммо муовини аввали роҳбари ин ниҳод инро ба дигар омил рабт дод. "Моҳи январ-феврал барои ҷумҳурии Чин соли нав аст",-гуфт Азим Турсунзода.

Мақомоти чинӣ ҳам аз коҳиши тиҷорат бо ҳамсоякишварҳо суҳбат мекунанд. Идораҳои расмии Чин дар суҳбат бо хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" гуфтаанд, сирояти вирус ба интиқоли молу колои чинӣ тавассути ҳамсоякишварҳо аз ҷумла Кореяи Шимолӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Ветнам таъсири манфӣ гузоштааст.

Чин яке аз кишварҳои аслии воридкунандаи маҳсулот ба Тоҷикистон аст. Тоҷикистон ба ҷуз аз хӯрокворӣ ва маҳсулоти нафтӣ, бештари молҳои ниёзи мардумро аз Чин ворид мекунад. Додугирифти солонаи ду кишвар зиёда аз 650 миллион долларро ташкил медиҳад.

Пайдоиши вируси нав ва назорати сахт барои вуруд ва хуруҷ ба Чин тоҷирони зиёдеро дар Тоҷикистон нигарон кардааст. Тоҷирон мегӯянд, баста шудани роҳҳои ҳавоӣ ва заминӣ ба Чин дар пайи хуруҷи ин вирус, тиҷорати онҳоро мушкил кардааст ва чунин вазъ метавонанд ба болоравии нарх дар бозор сабаб шавад.

Акрам, яке аз тоҷирони бозори "Корвон" мегӯяд, ӯ ва чанд рафиқи тоҷираш бояд ин рӯзҳо барои овардани либоси баҳорӣ ба Чин раванд, аммо наметавонанд. Аз як тараф тарс аз гирифтор шудан ба вируси нав, аз сӯи дигар баста будани роҳи ҳавоӣ, тоҷирони тоҷикро ин шабу рӯзҳо ба сардаргумӣ овардааст.

"Агар то охири феврал натавонем ба Чин барои либосворӣ равем, намедонем бо сар шудани моҳи март ба харидорон чӣ пешниҳод мекунем. Захираи соли гузаштаамон кам аст. Боз вақте маҳсулот кам аст, нарх ҳатман баланд меравад",-гуфт ин тоҷир.

Видео дар инҷост:

Мушкили дигар Акрам ва тоҷирони дигари тоҷик ин аст, ки онҳо ҳангоми бозгашт аз Чин ҳатман ду ҳафта дар карантин ба сар мебаранд. Дар ин муддат ҳаққи фаъолият ва ба берун баромаданро надоранд. Феълан аз миёни 900 нафаре, ки баъди бозгашт аз Чин дар карантин ҳастанд чандин нафарашон тоҷирон мебошанд.

Мақомот дар посух ба ин нигарониҳо мегӯянд, марз бо Чин баста нест ва танҳо назорат дар он сахтар шудааст.

Тоҷикистон то имрӯз барои мубориза бо коронавирус чандин иқдомеро амалӣ кардааст. Аз ҷумла, ҳамаи афроде, ки аз Чин ба Тоҷикистон меоянд давоми ду ҳафта зери назорати табибон хоҳанд буд.

Инчунин рӯзи 11-уми феврал 46 донишҷӯи тоҷик аз шаҳри Вуҳан, маркази пайдоиши вируси нав ба кишвар бозгардонда шуданд. Ҳамаи парвозҳо ба самти Чин муваққатан қатъ шудаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, гирифторшавӣ ба вируси нав дар кишвар сабт нашудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин рассказал об открытии нового перехода на вокзал Зеленоград-Крюково





Москва

Доктор Кутушов назвал болезни, которые поджидают отдыхающих у водоёмов


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

В Москве выбрали лучших педагогов в рамках городского конкурса — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Трансляцию концерта джазового оркестра Бутмана посмотрели 50 млн китайцев




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России


Ролан Гаррос

Арина Соболенко повторила уникальное достижение Азаренко на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

Власти Зимбабве поблагодарили Москву за помощь в период засухи



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России