Қазоқистон аз аввали март парвозҳояшро ба Эрон қатъ мекунад
Қазоқистон ба далели густариши вируси нав сар аз 1-уми март парвозҳояшро бо Эрон қатъ ва бо Кореяи Ҷанубӣ маҳдуд мекунад. Дар ин бора Жандарбек Бекшин, сартабиби беҳдоштии Қазоқистон рӯзи 26-уми феврал хабар дод.
Вай гуфт, шумори парвозҳо бо Кореяи Ҷанубӣ аз 9 ба 3 дафъа дар ҳафта кам мешаванд. "То 1 март мо ба шаҳрвандонамон имкон медиҳем, ки ба ватан баргарданд",-гуфт Бекшин.
"Дар Эрон 170 шаҳрванди мо ҳузур дорад. То 1 март бояд баргарданд. Бисёре аз кишварҳо парвозҳояшонро бо Эрон қатъ карданд. Барои мисол Туркия, Покистон, Афғонистон, Уммон",-афзуд Бекшин.
Ба гуфтаи ин мақомдори Қазоқистон, вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати саноату рушди зербиноии кишвараш ба далели хуруҷи вируси нав имкони маҳудсозии равуоро бо кишварҳои дигар баррасӣ доранд.
Дар оғози моҳи феврал Қазоқистон парвозҳоро бо Чин манъ кард. То қатъи парвозҳо Қазоқистон рафтуои заминиро ба Чин манъ карда буд.
Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, дар ин кишвар ҳолатҳои гирифтории шаҳрвандон ба вируси корона сабт нашудааст.
Ҳолатҳои гирифтории сокинон ба вируси корона дар беш аз 30 кишвар сабт гардид. Бештари гирифторон ҳамоно шаҳрвандони Чин ҳастанд. Коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯянд, аз густариши вируси корона пешгирӣ кардан имкон надорад, зеро ҷаҳон ба мубориза зидди он омода нест.