Ҷоми ФФТ-2020: Чаҳор даста дар даври ниманиҳоӣ
Чаҳор даста - «Равшан» (Кӯлоб), ССКА ВМ ҶТ (Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) - ҳарду аз гурӯҳи «А», «Кӯктош» (Рӯдакӣ), «Душанбе-83» (Душанбе) - ҳарду аз гурӯҳи «Б» ба даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) роҳ пайдо карданд.
Дар бозиҳои нимфиналӣ, ки рӯзи ҷумъа, 28-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд, «Равшан» бо «Душанбе-83» ва «Кӯктош» – ССКА рақобат мекунанд.
Ҷоми ФФТ-2020
Марҳилаи ниҳоӣ
Гурӯҳи «А»: ССКА ВМ ҶТ, «Локомотив-Помир», «Истаравшан», «Равшан».
Гурӯҳи «Б»: «Кӯктош», «Душанбе-83», «Эсхата», «Хатлон».
Гурӯҳи «А». Даври 3-юм
«Локомотив-Помир» – ССКА – 0:1
Гол: Шодибек Ғаффоров, 25.
Аз майдон хориҷ шуд: Шуҳрат Элмуродов («Локомотив-Помир»), 90+1 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Шервони Мабатшоев (ССКА).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).
«Истаравшан» – «Равшан» – 2:3
Голҳо: Бахтовар Зокиров, 27 (1:0). Азизҷон Шамсиев, 47 (2:0). Далер Шомуродов, 50 – аз пеналтӣ (2:1). Далер Шомуродов, 79 – аз пеналтӣ (2:2). Некрӯз Гадоев, 90+3 (2:3).
Аз майдон хориҷ шуд: Илҳом Баротов («Истаравшан»), 90 – корти 2-юми зард.
Беҳтарин бозигари дидор: Некрӯз Тағоев («Равшан»).
Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Равшан»
3
2
1
0
5-3
7
2
ССКА ВМ ҶТ
3
2
1
0
4-2
7
3
«Локомотив-Помир»
3
1
0
2
2-3
3
4
«Истаравшан»
3
0
0
3
4-7
0
Гурӯҳи «Б». Даври 3-юм
«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:1
Голҳо: Леонел Лук, 59 (1:0). Комрон Исмоилов, 82 (1:1).
Беҳтарин бозигари дидор: Азиҷон Қараев («Душанбе-83»).
Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).
«Кӯктош» – «Эсхата» – 4:2
Голҳо: Бунёд Шодиев, 42 (1:0). Азизбек Султонов, 56 (2:0). Умедҷон Одинаев, 69 (2:1). Атҳамҷон Абдуллоев, 70 (3:1). Дилшод Каримов, 85 (3:2). Атҳамҷон Абдуллоев, 90+3 (4:2).
Беҳтарин бозигари дидор:: Атҳамҷон Абдуллоев («Кӯктош»).
Сардовар: Насим Ҳамидов (Душанбе).
Ҷ
ДАСТАҲО
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1
«Кӯктош»
3
3
0
0
8-2
9
2
«Душанбе-83»
3
1
1
1
3-3
4
3
«Хатлон»
3
1
1
1
4-5
4
4
«Эсхата»
3
0
0
3
4-9
0
Нимфинал
28-уми феврал (ҷумъа)
11:00 – «Равшан» – «Душанбе-83». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
15:00 – «Куктош» – ЦСКА. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ
1-уми март (якшанбе)
11:00 – Бозӣ барои ҷойи севум
15:00 – Финал