Додгоҳи Исфара ҷангҷӯи пешини Толибонро 16 сол зиндонӣ кард
Додгоҳи шаҳри Исфара як ҷангҷӯи пешини ҷунбиши Толибонро ба 16 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст.
Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 3-юми апрел хабар дод.
Бахтиёр Юсуфовро ба ташкили фаъолияти гуруҳҳои ифротгаро ва иштирок дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишвари бегона гунаҳкор донистаанд.
Назари вакили мудофеи ӯ феълан дастрас нест.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Юсуфов моҳи июли соли 2012 ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба сафи гуруҳҳои ифротгаро пайваста, ҳамроҳи ҳамсару ду кӯдакаш ба воситаи Туркияву Эрон ва Афғонистон ба Вазиристони Покистон рафтааст.
"Дар онҷо ба сафи Ҳизби исломии Туркистон (фаъолияташ аз соли 2006 дар Тоҷикистон мамнуъст) шомил шуда, омодагии ҷангӣ дидаву дар амалиёт ба зидди ҳукумати қонунии Афғонистон иштирок кардааст", - гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон.
Ба навиштаи манбаъ, мақомоти Афғонистон Бахтиёр Юсуфовро дастгиру маҳкум кардаанд ва ӯ соли 2018 озод шудааст. Дертар маъмурони амниятӣ ӯро дар вилояти Суғд дастгир намудаанд.