Додгоҳи аршади аврупоӣ Будапешт, Варшава ва Прагаро дар нақзи квотаи муҳоҷирон айбдор кард
Додгоҳи Аврупоии адлия рӯзи 2 апрел гуфт, ки Полша, Венгрия ва Ҷумҳурии Чех қонунҳои Иттиҳодияи Аврупоро нақз карда, нагузоштанд бар асоси барномаи соли 2015-и тақсими муҳоҷирон паноҳҷӯён кишварҳояшон роҳ ёбанд. Додгоҳи аршади Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки ин се кишвар муқаррароти тақсими баробари 160 паноҳҷӯ аз Юнон ва Итолиёро,ки қурбонии бӯҳрони муҳоҷирати солҳои 2015-16 шуданд, дар хоки худ ҷой диҳанд. Нақшаи тақсими муҳоҷирон дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сентябри соли 2017 ба анҷом расид ва танҳо каме бештар аз 40 ҳазор паноҳҷӯён ҷобаҷо шуданд.
Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен рӯзи 2 апрел гуфт, ки қарори додгоҳ муҳим аст. Ӯ афзуд, бо ин ки он “ба гузашта рабт дорад, ба мо барои раҳбурдҳои оянда замина фароҳам меорад”.
Варшава, Будапешт ва Прага аз оғоз бо низоми квотаи қабули паноҳҷӯён аз Сурияву Ироқ мухолифат карда гуфтанд, ки муҳоҷирон хатари амниятӣ эҷод мекунанд. Додгоҳи аврупоӣ ин далелҳоро рад кард.
Додгоҳи воқеъ дар Люксембург гуфт, ки Полша нахост 100 паноҳандаро қабул кунад, Ҷумҳурии Чех аз 50 паноҳҷӯ ба 12 нафар сарпаноҳ дод ва Венгрия ҳеҷ касро қабул накард.
Нахуствазири Ҷумҳурии Чех Андрей Бабиш рӯзи 2 апрел ҳукми додгоҳро рад кард. Ӯ гуфт, “масъалаи муҳим” ин аст, ки Ҷумҳурии Чех “ҳеҷ як паноҳҷӯро қабул намекунад ва ба шарофати мо буд, ки низоми квота дигар вуҷуд надорад”.
Вазири адлияи Венгрия Ҷудит Варгас ҳукми додгоҳро “табъизомез” номид ва сухангӯи ҳукумати Полша Пйотр Мюллер гуфт, ҳукми додгоҳ “аҳамияти амалӣ надорад”.