Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Шарҳи мақомот дар бораи фавти як сокини Суғд ва карантини кормандони тиб

0
Шарҳи мақомот дар бораи фавти як сокини Суғд ва карантини кормандони тиб

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабари Радиои Озодиро дар бораи фавти як марди 60-сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ӯ аз бемории пневмония ё илтиҳоби шуш фавтидааст. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Радиои Озодӣ аз таҳти карантин гирифта шудани 11 корманди беморхонаи ин ноҳия пас аз фавти марди 60-сола хабар дод. Мақомоти тандурустии вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ бо коронавирус рабт доштани ин рӯйдодҳоро рад карданд, вале гуфтанд, 13 нафар -- кормандони тиб ва хешу наздикони бархе аз афрод дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд таҳти карантин гирифта шудаанд. Онҳо гуфтанд, санҷиши луоби ин афрод мaвҷудияти коронавирусро рад кардааст. Аммо ин мақомот нашри варақаи натиҷаҳои озмоишро салоҳияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон номиданд.

Ин вазорат иттилоъ дод, ки марги сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ба коронавирус рабт надорад, аммо таъйид намуд, ки табибони ин беморхонаро бо таби баланд ба карантин фиристоданд ва вазъи онҳо хуб аст.

Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сокини 60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов қабл аз марг аз ташхиси коронавирус гузашта буд ва нишонҳои ин вирус дар ӯ тасдиқ нашуд.

Бо ин ки вазорати тандурустӣ марги ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро аз коронавирус рад мекунад, аммо ҳамзамон тасдиқ мекунад, ки табибони беморхонаи ноҳияро, ки ин мард зери муоинаи онҳо қарор дошт, ба карантин фиристонад.

Сухангӯи вазорат аз ҷумла тасдиқ кард, ки Алишер Абдукаримов, муовини сардухтур таби баланд дошт ва бинобар ҳамин ба карантин фаро гирифта шуд. Дарвешзода вазъи саломатии муовини сардухтурро "на ба он сатҳ бад", гуфт. Ҳамроҳи ӯ гурӯҳи табибони беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба карантин фиристода шудаанд. 

Хабари даргузашти як мард дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва карантин кардани табибони беморхона сару садоҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни сокинон ба миён овард. Бархе мақомотро ба пинҳонкорӣ муттаҳам карданд. Аз ҷумла ин, ки то куҷо дар минтақаҳои Тоҷикистон тести коронавирус дастрас шудааст, ки мақомот марди фавтида дар Ҷаббор Расуловро аз ташхис гузарониданд.

Аммо сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов мисли дигар беморхонаҳои кишвар дар карантин буд. Ӯ дар шарҳи нобовариҳо ба гуфтаи мақомот дар бораи набуди коронавирус дар кишвар гуфт, ки ташхиси 22 нафари шубҳанокро ба Лондон фиристонданд ва мавҷудияти коронавирус дар онҳо тасдиқ нашуд.

Дарвешзода ҳамчунин дар иртибот ба фиристодани табибон ба карантин гуфт, ки чунин таҷриба аст, ки пизишконе, ки ба муолиҷаи афроди дар карантинбуда машғуланд, барои ду ҳафта зери муоина қарор мегиранд.

Гузориш ба зудӣ такмил карда мешавад.





Губернаторы России
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

Концерты оркестра Бутмана посмотрели более 50 миллионов китайцев




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников

На фестивале «Лето в Москве» пройдет чемпионат по игре «Камень, ножницы, бумага»

В Москве 1 июня стартует чемпионат по игре «Камень, ножницы, бумага»


Ролан Гаррос

Мирра Андреева вышла во второй круг Открытого чемпионата Франции



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Минск

Минск приостановил участие в договоре о вооруженных силах в Европе



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России