Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Даҳҳо нафари тамосдошта бо марди фавтида дар Ҷаббор Расулов карантин шуданд

0
Даҳҳо нафари тамосдошта бо марди фавтида дар Ҷаббор Расулов карантин шуданд

29 нафар аз афроде, ки бо марди фавтида дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар тамос будаанд, таҳти карантин қарор доранд. 9 нафари калонсол ва 9 кӯдак аъзои оилаи ин мард буда, 11 нафари дигар кормандони тиббии бемористоне мебошанд, ки марди 60-сола дар ин ҷо бо диагнози пневмония даргузашт. Мақомоти тандурустии вилоят мегӯянд, санҷишҳо то ҳоло мавҷудияти вируси коронаиро дар тани ин афрод ошкор накардаанд. Ба карантин гирифта шудани ин афродро мақомоти тандурустии вилояти Суғд як чораи эҳтиётӣ ва пешгирикунанда меноманд. Вале манбаъҳои мустақил мегӯянд, чанде аз афроди зери карантин таби баланд ва гулудард доштаанд.

Бо сабаби карантин шудани беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, беморхонаи минтақавӣ ва табобатгоҳои "Ғулакандоз" ҷамъан зиёда аз 400 нафар карантин шудаанд.

Уткир Ҳабибуллозода, писари шахси фавтида рӯзи 8 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, озмоиши луоби амакаш Абдуҷалил Шодиев, мудири маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки аввалин шуда, пас аз чаҳор рӯзи даргузашти бародари худ бо шубҳаи коронавирус ба бемористон муроҷиат кард, пок баромадааст, вале ин шахс ҳамоно дар бемористон нигаҳдорӣ мешавад ва шояд аз санҷиши дувум гузарад.

Аммо, ба гуфтаи як корманди шуъбаи маорифи ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулов, пас аз Абдуҷалил Шодиев панҷ корманди ин шуъба, ба шумули муовини раис, низ бо таби баланд ба бемористон муроҷиат карданд. Бархе аз онҳо озмуда шуданд ва натиҷаҳо манфиянд, вале сардухтури  беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов Дилмурод Раҳматуллоев мегӯяд, барои эҳтиёт ҳатто се маротиба бояд санҷиш гузаронд.

Дар ин байн Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтааст, ки озмоиши такрории тиббии марди фавтида собит кард, ки ӯ ба бемории КОВИД-19 гирифтор нашуда, балки аз илтиҳоби шуш фавтидааст.

Ҳабибулло Шодиев рӯзи 1-уми апрел даргузашт. Таб ва гулудард пайдо кардани бархе аз кормандони тиббӣ, ки ӯро муолиҷа мекарданд ва ҳамчунин бародараш Абдуҷалил ин шубҳаро ба вуҷуд овард, ки оё фавтида аз коронавирус сироят надида бошад. Ин шубҳаро гуфтаҳои як корманди умури дохилӣ тақвият дод, ки аз сафари он мард ба ҳудуди кишвари ҳамсояи Қирғизистон иттилоъ дод. Писари он мард, Уткир Ҳабибуллозода дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ овозаҳои сафари падарашро ба Қирғизистон рад кард. Дар ҳамин ҳол миёни мардум овозае низ паҳн шудааст, ки ҳамсари мард низ даргузаштааст. Уткир Ҳабибуллозода ин шоеъаҳоро низ рад кард ва гуфт, модараш ҳамроҳи дигар аъзои хонавода дар бемористони ҷамоати Ғулакандоз таҳти карантин аст.

Маъруф Ҳоҷибоев ба “Азия Плюс” ҳамчунин гуфтааст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов то 652 нафар, ки аз Узбекистону Қирғизистон баргаштаанд, бо аҳли оилаҳояшон дар карантин нигаҳ дошта мешаванд. Маъруф Ҳоҷибоев гуфтааст, «ҳар касеро, сабуктарин бемории роҳи нафас дорад, бистарӣ мекунем, бақияро ба карантин мефиристем.

Дар вилояти Суғд ба қавли мусоҳиби хабаргузорӣ, дар ҳукумати вилоят ситоди махсуси пешгирӣ аз густариши коронавирус таъсис додаанд. Айни ситод дар Раёсати тандурустӣ фаъолият мекардааст ва телефонеро ҳам барои муроҷиат гузоштаанд, ки ин аст: 84322 4-65 92.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то кунун ҳеҷ мавриди сирояти коронавирус дар кишвар сабт нашудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин: В июне в Москве пройдет цикл мероприятий для собак и их владельцев





Москва

Эксперт сенсационно раскрыл загадку Мессинга и Жириновского.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: трасса из Солнцева до Варшавского шоссе откроется в 2026 году



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Визбор

Вечер бардовской песни, посвященный Юрию Визбору, пройдет 19 июня в Обручевском




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о популяризации спорта

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть


Новак Джокович

Новак Джокович и Хамад Меджедович сыграли в бочче на Ролан Гаррос | Виды спорта



Новости Крыма на Sevpoisk.ru




Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России