"Нафаскашиам ба онҳо хуш наомад". Ёддоштҳои хабарнигори рус пеш аз марг аз коронавирус
Журналисти рус Анастасия Петрова рӯзи 31-уми март дар як беморхонаи шаҳри Перми Русия даргузашт. Сабаби расмии марги ин зан пневмония ё илтиҳоби шуш гуфта шудааст, вале баъдан мақомот эътироф карданд, ки зани 36-сола ба коронавирус олуда шуда буд.