Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Ҳамраъйии футболи Тоҷикистон бо табибони зидди коронавирус дар ҷаҳон

0
Ҳамраъйии футболи Тоҷикистон бо табибони зидди коронавирус дар ҷаҳон

Нахустин даври мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни  дастаҳои лигаи олӣ бо ду бозии боқимонда рӯзи чоршанбеи 8-уми апрел ба поён расид.

Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ба дарвозаи дастаи нави лигаи олӣ - «Душанбе-83»-и Душанбе – ҳафт голи беҷавоб зад. Дар ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ зери борон ва бе ҳузури тамошогарон баргузор шуд, Манучеҳр Ҷалилов се гол зада, хет-трик кард. Ду голи дигар ба Шериддин Бобоев марбут аст. Алишер Ҷалилов ва Воҳид Оразсаҳедов, легионер аз Туркманистон, якголӣ ба ҳадаф расонданд.  

Дастаи ССКА-и Душанбе дар майдони худ аз тими  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Голҳои «Хуҷанд»-ро легионери узбекистонӣ Андрей Сидоров, Хуршед Бекназаров ва Манучеҳр Аҳмадов заданд. Голи ягонаи низомиёнро Шодибек Ғаффоров ба самар расонд.

Ин ду бозӣ дар доираи Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ бо иқдоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ҷиҳати дастгирии пизишкони тамоми ҷаҳон, ки муқобили пандемияи коронавирус мубориза мебаранд, доир гардид. Дар баъзе аз гӯшаҳои майдонҳо шиори "Шумо қаҳрамонони воқеии даврони моед"-ро насб карда буданд.

Ёдовар мешавем, се бозии даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 5-уми апрел доир гашта буд.

Дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бозӣ миёни дастаҳои нави лигаи олӣ - «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Файзканд» (Восеъ) - бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом пазируфт. Бозии «Кӯктош» (Рӯдакӣ) бо «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бидуни гол хотима ёфт.

Бозиҳои даври дувуми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 11-12-уми апрел барпо мегарданд.

Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳо муваққатан бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба иллати хатари коронавирус ва бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум

 

«Локомотив-Помир» – «Файзканд» – 2:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 49 (0:1). Шаҳром Сулаймонов, 55 (1:1). Азизбек Ҳасанов, 71 (2:1). Азизҷон Зарипов, 72 (2:2).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

5-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

«Хатлон» – «Истаравшан» – 2:1

Голҳо: Илҳом Баротов, 10 (0:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 53 (1:1). Эҳсон Бобоев, 90+4 – аз пеналтӣ (2:1).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

5-уми апрел. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

 

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 0:0

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

5-уми апрел. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

 

«Душанбе-83» – «Истиқлол» – 0:7

Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 25 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 31 (0:2). Алишер Ҷалилов, 46 (0:3). Манучеҳр Ҷалилов, 59 (0:4). Манучеҳр Ҷалилов, 64 (0:5). Шериддин Бобоев, 80 (0:6). Шериддин Бобоев, 90 (0:7).

Сардовар: Амирҷон Хоркашев (Душанбе).

8-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 

 

ССКА – «Хуҷанд» – 1:3

Голҳо: Андрей Сидоров, 45 (0:1). Хуршед Бекназаров, 63 (0:2). Шодибек Ғаффоров, 76 (1:2). Манучеҳр Аҳмадов, 90+2 – аз пеналтӣ (1:3).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

8-уми апрел. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ.

 

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

1

1

0

0

7-0

3

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

1

0

0

3-1

3

3

«Хатлон» (Бохтар)

1

1

0

0

2-1

3

4

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

1

0

1

0

2-2

1

5

«Файзканд» (Восеъ)

1

0

1

0

2-2

1

6

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

1

0

1

0

0-0

1

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

1

0

0-0

1

8

«Истаравшан» (Истаравшан)

1

0

0

1

1-2

0

9

ССКА (Душанбе)

1

0

0

1

1-3

0

10

«Душанбе-83» (Душанбе)

1

0

0

1

0-7

0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 3 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 2 тӯб.

Даври 2-юм

11-уми апрел (шанбе)

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ»

«Истаравшан» – «Кӯктош»

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83»

12-уми апрел (якшанбе)

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Истиқлол» – ССКА





Губернаторы России
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход





Москва

«СВЯТОЙ ЛЕНИН» спасает население от борьбы с перенаселением, 3 серия, СЕРЬЁЗНЫЙ НОВОСТНОЙ СЕРИАЛ.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Юрий Лоза

Лоза оценил перспективы музыкальной карьеры Валиевой




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Волонтеры Президентской академии в Санкт-Петербурге вносят свой вклад в развитие и повышение доступности спорта для граждан

Четырёх футболисток самарских "Крыльев" сняли с поезда за дебош

Онлайн-лекторий «Иннагрика»: подкасты с учеными и экспертами об агротехе доступным языком


Ролан Гаррос

Арина Соболенко повторила уникальное достижение Азаренко на турнирах «Большого шлема»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

МЧС выпустило экстренное предупреждение о грозе в Москве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России