Тошканд аз Маскав хост, пардохти ҳаққи патентро барои узбекистониҳо ба таъхир андозад
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо ирсоли номаи расмие ба ҳукумати Русия дархост кардааст, ки пардохти ҳаққи патент ё иҷозаи корро барои муҳоҷирони ӯзбекистонӣ ба таъхир андозад.
Дар ин бора Авазбек Ҳоҷиматов, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод. Вай гуфт, айни ҳол ин масъала аз сӯи мақомоти Русия баррасӣ мешавад.
Мақомоти Узбекистон мегӯянд, дар натиҷаи манъи фаъолияти муассисаҳои Русия то рӯзи 30-юми апрел, муҳоҷирони узбекистоние, ки дар Русия қарор доранд, бе кор мондаанд.
Владимир Путин, президенти Русия 2-юми апрел гуфт, дар кишвараш то охири моҳи ҷорӣ рӯзҳои ғайрикорӣ эълом мешавад.
Бино бар омори расмӣ, дар Русия айни ҳол наздики 2 миллион муҳоҷири узбекистонӣ ҳузур дорад.