Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Пешсафии "Истиқлол" ва "Хатлон" дар мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон

0
Пешсафии

Бозиҳои даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 11-12-уми апрел баргузор шуданд. Се дидор бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт, дар ду бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.

«Истиқлол»-и Душанбе дар майдони худ бар ССКА бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Алишер Ҷалилов ва Шериддин Бобоев заданд.

«Хатлон»-и Бохтар дар меҳмонӣ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои Худойдод Узоқов, Сорбон Авғонов ва Парвиз Боқӣ-Охунов ба “Хатлон” пирӯзӣ овард. Голҳои «Хуҷанд»-ро легионери узбекистонӣ Санҷар Рихсибоев ва Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонданд.

Бозӣ миёни дастаҳои нави лигаи олӣ - «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Душанбе-83» (Душанбе) бо пирӯзии роҳиоҳанчиён бо ҳисоби 1:0 анҷом пазируфт. Дар дақиқаи 75-ум тӯб ба пойи ҳимоятгари «Душанбе-83» Иззатулло Рӯзиев зада, ба дарвозаи дастааш ворид шуд.

Боз як дастаи нави лигаи олӣ  – «Файзканд»-и Восеъ дар майдони худ «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои «Файзканд»-ро Сайёди Ковусшо, Далерҷон Тухтасунов ва Вайсиддин Сафаров ба самар расонданд. Ду голи меҳмононро Ҳоҷиакбар Узоқов ва Сардорбек Эминов, легионери узбекистонӣ, заданд.

«Кӯктош»-и Рӯдакӣ дар сафар «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Голҳои Собирҷон Холматов, Азизбек Султонов ва Далер Ёдгоров ба “Кӯктош” се имтиёз овард.

Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии ду даври қаҳрамонии Тоҷикистон-2020 ду даста – «Истиқлол» ва «Хатлон» - дар ҷадвали мсобиқа бо шашимтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷойи аввал ва “Хатлон” дар ҷойи дувум қарор доранд.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 18-19-уми апрел баргузор мешаванд: «Душанбе-83» – «Файзканд», «Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан» (18-уми апрел), ССКА – «Локомотив-Помир», «Хатлон» – «Истиқлол» ва «Кӯктош» – «Хуҷанд» (19-уми апрел).

 

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Локомотив-Помир» – «Душанбе-83» – 1:0

Гол: Иззатулло Рӯзиев, 75 – ба дарвозаи худ.

11 апрел. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Собирҷон Холматов, 79 (0:1). Азизбек Султонов, 83 (0:2). Далер Ёдгоров, 90+1 (0:3).

11 апрел. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Файзканд» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2

Голҳо: Сайёди Ковусшо, 6 – аз пеналтӣ (1:0). Ҳоҷиакбар Узоқов, 45+1 (1:1). Сардорбек Эминов, 77 (1:2). Далерҷон Тухтасунов, 79 (2:2). Вайсиддин Сафаров, 85 (3:2).

11 апрел. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

 

«Истиқлол» – ССКА – 2:0

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 19 (1:0). Шериддин Бобоев, 86 (2:0).

12 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

«Хуҷанд» – «Хатлон» – 2:3

Голҳо: Худойдод Узоқов, 21 (0:1). Сорбон Авғонов, 36 (0:2). Санҷар Рихсибоев, 48 (1:2). Парвиз Боқӣ-Охунов, 72 (1:3). Дилшод Бозоров, 90+7 (2:3).

12 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

 Ҷ

 ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

2

2

0

0

9-0

6

2

«Хатлон» (Бохтар)

2

2

0

0

5-3

6

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

2

1

1

0

3-0

4

4

«Файзканд» (Восеъ)

2

1

1

0

5-4

4

5

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

2

1

1

0

3-2

4

6

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

2

1

0

1

5-4

3

7

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

2

0

1

1

2-3

1

8

ССКА (Душанбе)

2

0

0

2

1-5

0

9

«Истаравшан» (Истаравшан)

2

0

0

2

1-5

0

10

«Душанбе-83» (Душанбе)

2

0

0

2

0-8

0

 

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев (ҳарду аз «Истиқлол») – 3-тӯбӣ, Алишер Ҷалилов («Истиқлол»), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 2-тӯбӣ.

 

Даври 3-юм

18 апрел (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

«Душанбе-83» – «Файзканд»

«Регар-ТадАЗ» – «Истаравшан»

19 апрел (якшанбе)

Оғози бозиҳо – соати 16:30

ССКА – «Локомотив-Помир»

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Кӯктош» – «Хуҷанд»

Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозиҳо муваққатан бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, ин тасмим бо тавсияи Вазорати тандурустии Тоҷикистон ба иллати хатари коронавирус ва бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ гирифта шудааст.

Мусобиқаи лигаи олӣ дар се давра доир мегардад. Ҳар даста 27 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастаҳое, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойҳои нӯҳуму даҳумро ишғол мекунанд, дар мавсими соли 2021 ба лигаи аввал мегузаранд. Барандагони медалҳои тилло ва нуқраи лигаи аввал дар мавсими соли 2020 ба ҳаққи ширкат дар лигаи олӣ дар мавсими соли 2021 мушарраф мешаванд.





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин. Главное за день





Москва

Эксперт сенсационно раскрыл загадку Мессинга и Жириновского.


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Три из пяти участков новой трассы на юго-западе Москвы завершены — Собянин



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Сергей Арутюнов

Исполнитель хита “На Заре 2020” Сергей АРУТЮНОВ оживил ещё один хит из 20-го века и выпустил песню “Лететь” вместе с её создателями - группой Амега.




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Марафон серий «Команды МАТЧ» на телеканале «СуперГерои» ко Дню защиты детей

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ


Арина Соболенко

Рыбакину и Соболенко «отправили» в полуфинал «Ролан Гаррос»



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

Tesla under investigation over Fremont factory toxic emissions, and faces lawsuit over alleged health harms



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России