Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Пол Вилан хост, табиби сафоратхонаи ИМА ӯро муоина бикунад

0
Пол Вилан хост, табиби сафоратхонаи ИМА ӯро муоина бикунад

Собиқ сарбози нирӯҳои баҳрии амрикоӣ Пол Вилан аз додгоҳи Маскав, ки ӯро барои ҷосусӣ муҳокима мекунад, хост, табиби сафоратхонаи ИМА-ро иҷоза бидиҳанд ӯро дар боздоштгоҳи муваққатӣ муоина бикунад. Ӯ гуфт, ки ҳолати бемории марбут ба узви мардона (чурра)-аш сангинтар шудааст. Интерфакс дар нақли қавл аз ҳуқуқшинос Владимир Жеребенков гуфт, ки дархости Вилан дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи 13 апрел садо дод ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки мурофиа бо танаффуси дуҳафтаина аз сар гирифта шуд.

Қарор аст додгоҳ бар асоси ин дархост қарори худро қабул кунад. Мурофиаи баъдӣ ба 20 апрел таъин шудааст, вале ба гуфтаи вакили дифоъ, Вилан шикоят кардааст, ки нишастану бархостанаш бо мушкил даст медиҳад. 

Сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан рӯзи 13 апрел гуфт, ки талош кард пеш аз шурӯи мурофиаи додгоҳии Вилан вориди толор шавад, вале дархости ӯ рад шуд. Дар як изҳорот Салливан гуфт: 

“Пол ҳамоно аз мушкилоти тиббӣ, ки дар воқеъ ба ҳаёташ хатар  доранду муолиҷаро тақозо мекунанд, азият мешавад. Мо батакрор дархост кардем, ки табиби мо ҳақи дидани Полро ба даст оварад, вале танҳо  посухи рад гирифтаем”. Салливан дар идома навишт, ки аз сиҳҳатии Пол дар ташвиш аст, чунки ӯ “ба кӯмаки тиббӣ ниёз дорад ва бояд ба хонааш баргардад”.

Вилан, ки шиносномаҳои шаҳрвандии ИМА, Бритониё, Канада ва Ирландияро дорад, декабри соли 2018 дар як утоқи меҳмонхона боздошт ва дар гирифтани маълумоти сиррӣ айбдор шуд. 

Ӯро дар ҷосусӣ муттаҳам карданд, ки то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вилан иттиҳомотро рад карда мегӯяд, ки мавриди тӯҳмат қарор гирифтааст. Оилаи ӯ мегӯяд, ки  Пол барои ширкат дар як ҷашни арӯсӣ рафта буд, вале боздошт шуд. Мақомоти амрикоӣ боздошти Виланро интиқод карда тарзи бархӯрд  бо ӯро “шармандавор” номиданд. Онҳо талаб карданд, ки Вилан озод шавад. 

Сафири ИМА дар идомаи изҳороташ 13 апрел иттиҳоми Пол Виланро бидуни шаҳодат ва боздошташро аз назари ахлоқӣ хато номид ва гуфт, ки ин қазия дар равобити ИМА ва Русия монеаи ҷиддӣ аст. Дейвид Вилан, бародари Пол Вилан гуфт, ки мақомот  кормандони сафоратро бо баҳонаи нигарониҳо аз пандемияи коронавирус иҷоза намедиҳад, ки дар боздоштгоҳ бо бародари ӯ дидор кунанд. Мақомоти Русия муносибати нодуруст бо боздоштшударо рад мекунанд. Жеребенков гуфт, ки дар мурофиаи 13 апрел Пол Вилан гуфт, ки қазияи ӯ аз ҷониби Хадамоти амнияти федеролӣ сохтакорӣ шудааст.  Боздошти Вилан то 13 сентябр тамдид шудааст.





Губернаторы России
Москва

Собянин: На городском вокзале Зеленоград — Крюково появился еще один переход





Москва

Всеармянский союз «Гардман-Ширван-Нахиджеван» осуждает лживое заявление президента Азербайджана Алиева


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин анонсировал большую летнюю спортивную программу



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Олег Лундстрем

«Борис Фрумкин – 80!»: Государственный камерный оркестр джазовой музыки имени Олега Лундстрема отпраздновал юбилей своего худрука большим концертом




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Два проекта Первый Бит отмечены дипломами финалистов конкурса «BPM-проект года»

На ВДНХ пройдет Удмуртский национальный праздник Гербер

В преддверии Международного дня защиты детей подмосковные росгвардейцы провели спортивное мероприятие для школьников


Дарья Касаткина

Касаткина о романе Синнера и Калинской: рада, больше ничего не хочу говорить



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

МЧС выпустило экстренное предупреждение о грозе в Москве



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России