Эълони номи шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар Олмон
Пулиси Олмон панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро ба тарҳрезӣ ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ дар ин кишвар муттаҳам кард. Додситони федерол дар шаҳри Карлсруэ гуфт, чаҳор нафари онҳо субҳи 15-уми апрел дар сарзамини Рейни Шимолӣ-Вестфалия боздошт шуданд.