Додситон ба Далер Шарифов 2 солу 4 моҳи зиндон талаб кард. Вакил озодияшро хост. ВИДЕО
Намояндаи додситонӣ аз додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур талаб кард, ки хабарнигори боздоштшудаи тоҷик Далер Шарифовро 2 солу 4 моҳ аз озодӣ маҳрум кунад. Мурофиа рӯзи 16-уми апрел баргузор шуд.