Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Апрель
2020

Бозиҳои моҳҳои май-июни Ҷоми AFC-2020 ба таъхир андохта шуд

0
Бозиҳои моҳҳои май-июни Ҷоми AFC-2020 ба таъхир андохта шуд

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳоеро, ки бояд моҳҳои май ва июн баргузор мешуданд, ба иллати коронавирус ба муҳлати номуайян ба таъхир андохт. Дар ин бора дар сомонаи AFC хабар дода шудааст.

"Пас аз андешидани чораҳои пешгирикунанда ва маҳдудиятҳои сафар дар якчанд кишварҳо, AFC тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳо ва мусобиқаҳои дар моҳҳои май ва июн таъиншударо то огоҳии минбаъда мавқуф гузорад",-омадааст дар вебсайти созмон.

AFC пандемияи COVID-19-ро бодиққат пайгирӣ кард ва қаблан дар як қатор ҷаласаҳои фавқулодда дар Деҳлӣ, Доҳа, Дубай ва Куала-Лумпур бозиҳои худро дар моҳҳои март ва апрел ба таъхир гузошта буд.

Конфедератсияи футболи Осиё ҳамкориро бо созмонҳои иштироккунандаи мусобиқаҳои бошгоҳии AFC идома медиҳад ва тамоми имконоти анҷом додани марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2020 ва Ҷоми АFC-ро меомӯзад. AFC пеш аз пешниҳоди санаҳои нав барои бозиҳои таъхиршуда вазъро бодиққат арзёбӣ ва назорат мекунад.

 

Ёдовар мешавем, ду бошгоҳи Тоҷикистон -  “Истиқлол"-и Душанбе  ва  "Хуҷанд"-и Хуҷанд - дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2020 ба гурӯҳи “D” шомиланд. Бозии нахустин даври мусобиқа дар ин гурӯҳ миёни “Истиқлол” ва “Хуҷанд”, ки 11-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бе ҳузури тамошобинон доир гардида буд, бо пирӯзии қаҳрамони Тоҷикистон бо ҳисоби 2:0 ба поён расид.

Бо тасмими Конфедератсиони футболи Осиё бозӣ миёни дастаҳои «Дордой»-и Қирғизистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон, ки мебоист 11-уми март дар Бишкек доир мегашт, ба муҳлати дертар ба таъхир гузошта шуд.

Ҳамин тариқ, “Истиқлол” бо се имтиёз дар гурӯҳи “D” мақоми аввалро касб намудааст.

Ҷоми AFC-2020

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»

Даври 1-ум

11-уми март (чоршанбе) 

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 2:0

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0), Манучеҳр Ҷалилов, 29 – аз пеналтӣ (2:0)

«Дордой» (Қирғизистон) - «Алтин Асир» (Туркманистон) – ба таъхир андохта шуд

Даври 2-юм

15 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) - ба таъхир андохта шуд

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд

Даври 3-юм

29 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон) - ба таъхир андохта шуд

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон) - ба таъхир андохта шуд

Даври 4-ум

13 май (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд

Даври 5-ум

27 май (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон) - ба таъхир андохта шуд

Даври 6-ум

17 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон) - ба таъхир андохта шуд

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) - ба таъхир андохта шуд





Губернаторы России
Москва

Собянин: Фонд музея-заповедника «Царицыно» собрал 61 тыс. произведений искусства





Москва

Стоматолог Владимир Лосев: сколько времени нужно носить брекеты


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Фонд музея-заповедника «Царицыно» собрал 61 тыс. произведений искусства



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Игорь Бутман

«Петя и Волк»: премьера спектакля Игоря Бутмана и Константина Хабенского на Moscow Jazz Festival




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Представители KAMA TYRES приняли участие в 57-й легкоатлетической эстафете

VK Fest 2024: Музыка и Развлечения на Открытых Площадках России

Больше всего работников с креативными идеями работает в ритейле и спорте


Ролан Гаррос

Соболенко победила на старте открытого чемпионата Франции по теннису



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Архангельск

XXXIII Церемония «Хрустальная Турандот» объявит победителей сезона 2023/2024



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России