Филмсозони узбек раҳбарияти "Узбеккино"-ро ба худкомагӣ айбдор мекунанд
Филмсозони машҳури Узбекистон 14-уми апрел бо навиштани як нома ба унвони сарвазир Абдулло Орипов сардори Оҷонси миллии "Узбеккино" Фирдавс Абдухолиқовро ба худкомагӣ, сензура ва бесалоҳиятӣ айбдор кардаанд.
Ба иддаои филмсозон, Фирдавс Абдухолиқов бо корҳое машғул аст, ки ба рушди филм аслан рабте надоранд ва кормандони дорои таҷрибаи чандинсоларо аз мақом барканор ва ба ҷои онҳо афроди наздик ба худро таъйин мекунад.
Зери нома 109 кас, аз ҷумла муовини аввали "Узбеккино" Шуҳрат Ризоев, раиси Иттифоқи филмсозони Узбекистон Матяқуб Матчанов, раҳбари Қасри филми ба номи Алишер Навоӣ Баҳром Утанов ва коргардонҳои машҳур Хилол Насимов, Ҷаҳонгир Қосимов, Сарвар Каримов, Абдухалил Мингноров ва Акбар Бектурдиев имзо гузоштаанд.
Хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ 17-уми апрел бо намояндаи Фирдавс Абдухолиқов тамос гирифт ва ӯ иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик Абдухолиқов дар ин замина изҳоротеро нашр хоҳад кард.
"Абдухолиқов бо мақсади решакан кардани фасодкорӣ дар бахши филмсозӣ низоми шаффоферо роҳандозӣ кардааст ва ин иқдоми ӯ бозори кадрҳои куҳнаеро касод кард, ки бо ғорат кардани пулҳои давлатӣ машғул буданд",-изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Яке аз филмсозони узбек, ки зери нома имзо нагузоштааст, мегӯяд, номаи дастаҷамъӣ натиҷаи бадбиние аст, ки феълан миёни Абдухолиқов ва муовини аввали ӯ Шуҳрат Ризоев мушоҳида мешавад.
Фирдавс Холиқов сокини 57-солаи Самарқанд буда, ҳамчун молики як қатор расонаҳо маъруф аст. Ӯ ҳудуди 10 сол дар канори духтари калонии президенти ин кишвар Гулнора Каримова кор кардааст.