Аввал "облава", баъд ихроҷ аз донишгоҳ. Навгоние дар "сарбозшикор"
Як сокини вилояти Суғд шикоят дорад, ки писари донишҷӯяш Фаррухҷон Зокировро "облава" карда, бо фишор аз ӯ баёнот гирифтаанд, ки "маро бо хоҳиши худам аз донишгоҳ хориҷ кунед". Мақомот чунин ҳолатро рад мекунанд ва мегӯянд, касе ба ин ҷавон фишор наовардааст.