Калонсолон дар Душанбе тавсияи хонашиниро нодида мегиранд. ВИДЕО
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба шахсони бузургтар аз 65-сола тавсия дод, ки бе зарурат аз хона дур нараванд, "ҳамроҳи оила бошанд ва онҳоро сарварӣ кунанд". Эмомалӣ Раҳмон ин гапҳоро ҳафтаи гузашта дар Маҷлиси Миллӣ, ҳангоми нигарониҳояш аз густариши коронавирус дар ҷаҳон, ба забон овард.