Амри Трамп ба хароб кардани қаиқҳои озордиҳандаи низомии эронӣ
Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ба нирӯҳои баҳрии кишвар амр додааст, ки ҳама гуна киштиҳои эрониро, ки киштиҳои амрикоиро азият мекунанд, хароб кунанд. Ин амр дар ҳоле содир шуд, ки зоҳиран қаиқҳои низомии эронӣ ҳафтаи гузашта дар обҳои Халиҷи Форс киштиҳои амрикоиҳоро азият мекарданд.
Трамп дар твиттераш рӯзи 22 апрел навишт: “Ман нирӯҳои баҳрии амрикоиро дастур додам, ки ҳама гуна киштиҳои низомии эрониро, ки дар фикри халалдор кардани қаиқҳои мо дар баҳр ҳастанд, ҳадаф қарор дода хароб бикунанд”.
Ҳафтаи гузашта дар як навори видеоии нирӯҳои баҳрии амрикоӣ дида шуд, ки қаиқҳои хурди низомии эронӣ ба киштиҳои ҷангии амрикоӣ наздик мешуданд, ки дар шимоли Халиҷи Форс наздик ба Кувайт шино доштанд. Амрикоиҳо гуфтанд, ки дар ҳодисаи рӯзи 15 апрел онҳо дар обҳои байналмилалӣ буданд. Дар изҳорот гуфта шуд, ки 11 киштии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба киштиҳои амрикоӣ “бархурди хатарнок ва озордиҳанда” анҷом доданд.
Трамп ҷузъиёти аз ин беш надод.
Дар вокуниш ба ин изҳорот як сухангӯи низомиёни эронӣ гуфт, ки ИМА бояд “дар фикри аз коронавирус наҷот додани нирӯҳои низомиаш бошад”.
Ихтилофи миёни амрикоиҳову эрониҳо баъди дар моҳи январ аз ҷониби ИМА дар Ироқ кушта шудани Қосими Сулаймонӣ - фармондеҳи нирӯҳои Қудс шиддат гирифт.