Дар марзи Узбекистону Қирғизистон барои чашма муноқишаву сангандозӣ кардаанд. ВИДЕО
Дар марзи Қирғизистон ва як ҷазирақаламрави тоҷикнишини Узбекистон байни сокинони ду тарафи марз муноқиша бархостааст. Дар видеоҳое, ки шоҳидони айнӣ ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ фиристодаанд, дида мешавад, ки дар аз ду тарафи марз мардум ҷамъ омадаанд ва доду фарёду ҳаёҳу мекунанд.