Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 01.06.2020

Хабарнигори Радиои Озодӣ ба дохили озмоишгоҳи COVID-19 дар Кӯлоб роҳ ёфт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар шаҳри Кӯлоб, ки то ҳафтаи гузашта имкони ташхиси коронавируси навро надошт, ҳоло чаҳор нафар рӯзона то 12 соат машғули озмоиши луобу моеъоти бемороне, ҳастанд, ки аломатҳои бемории СОVID-19-ро доранд.



Даҳ маротиба поён рафтани нархи пиёз кишоварзонро нороҳат кардааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Хуруҷи бемории COVID-19 дар кишварҳои минтақа ва баста шудани марзҳои миёни кишварҳо, сабаби то даҳ маротиба пойин рафтани нархи пиёзи содиротӣ дар бархе аз минтақаҳои Тоҷикистон шудааст. Феълан, арзиши як килограмм пиёз барои харидорон дар шаҳри Турсунзода аз 30 то 60 дирам аст. Аммо соли гузашта ин рақам баробари 3 сомониву 20 дирам буд.  Дар мағозаву бозорҳои шаҳри Душанбе нархи як килограмм пиёз то ду сомонӣ арзиш дорад, аммо кишоварзони умдафурӯш мегӯянд, ки қимати ин мавод дар соли ҷорӣ арзон... Читать дальше...

Теъдоди гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон аз марзи 4000 нафар гузашт

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар шабонарӯзи гузашта 83 гирифтори нави COVID-19-ро сабти ном кардааст ва то рӯзи 1-уми июн теъдоди умумии беморон ба 4013 нафар расид. Ба иттилои расмӣ, айни замон бештар аз 1814 нафар таҳти муоина қарор доранд ва талафот аз ҳамон 47 нафари чанд рӯзи пеш зиёд нашудааст. Дар баёнияи расмии вазорат, ки дар вебсайташ нашр кард, омадааст, “дар як шабонарӯзи охир 201 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”. Мутахассисон ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд... Читать дальше...

Дар Кӯлоб ташхисгоҳи бемории СОVID-19 ба кор шуруъ кард

Ozodi.org 

Бо гузашти тақрибан як моҳ аз замони эълони расмии сирояти коронавируси нав ба Тоҷикистон, дар шаҳри Кулоб ташхисгоҳи сайёри ин бемориро боз карданд. Чаҳор нафар дар озмоишгоҳ кор мекунанд ва мегӯянд, ки натиҷаҳоро то 5 соат маълум мекунанд.



Муҳандиси собиқадор ва ошкорбаёни "Барқи тоҷик" даргузашт

Ozodi.org 

Ғуломиддин Сайфиддинов яке аз мутахассисони варзида ва муҳандисони соҳаи энергетика дар синни 79- солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ҳамсараш Дилбар Сайфиддинова рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шавҳараш рӯзи 31-уми май фавтид ва шоми ҳамон рӯз ӯро дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурданд. Хонум Сайфиддинова афзуд: “Аз бемории дил ранҷ мекашид. Аҳволаш вазнин шуд ба беморхонаи “Якум Советский” бурдем, аз шушашон якуним литр об гирифтанд. Баъдан табибон гуфтанд, хона баред, ки ин ҷо ягон касалии дигар нагиранд”. Читать дальше...

Тазоҳуроти ҷонибдорони Алмосбек Отамбоев дар Бишкек

Ozodi.org 

Ҷонибдорони президенти пешин ва боздоштшудаи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар назди додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек эътироз мекунанд. Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз маҳалли таҷаммуъ, дар назди додгоҳи Якуми май мухолифони Отамбоев низ бо талаби зиндонӣ кардани ӯ ҷамъ шудаанд. "Раиси Бундёи "Мээр жазӣ" Иргалай Бекмуратова мегӯяд, "Отамбоев бояд барои ҷиноятҳое посух гӯяд, ки дар давраи президентияш анҷом додааст". Вале ҷонибдори президенти пешини Қирғизистон раҳоии Отамбоев ва онҳоеро талаб доранд... Читать дальше...

Эрон гуфт, агар Венесуэла хоҳад, интиқоли нафтро идома медиҳад

Ozodi.org 

Сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон Аббос Мусавӣ гуфт, ки дар сурати дарёфти дархостҳои Венесуэла барои интиқоли бештари маводи сӯхт ба ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ, омода аст ҳамкорӣ кунад. Ҳам Эрон ва ҳам Венесуэла дар заминаи додугурифтҳои нафтӣ таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд. Дар  нишасти хабарии рӯзи 1 июн, ки дар як пахши зиндаи телевизионӣ намоиш дода шуд, Мусавӣ гуфт, ки “Эрон аз ҳуқуқаш дар заминаи тиҷорати озод бо Венесуэла истифода карда омода аст дар сурати дарёфти дархости Каракас захираҳои бештарро ба ин кишвар интиқол диҳад”. Читать дальше...

Дар доираи табодули асирон дар Афғонистон садҳо кас озод шуд

Ozodi.org 

Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати "Толибон" теъдоди нави асиронро табодул карданд. Ин табодул дар доираи созиши гуфтугӯҳои нави сулҳ сурат мегирад. Табодули асирон - яке аз шартҳои созишномаи моҳи февралие аст, ки байни Амрико ва ҳаракати "Толибон" баста шуд. Дар он созишнома ҳамчунин омадааст, ҷангҷӯёни "Толибон" наздики 1000 сарбози ҳукуматиеро озод мекунанд, ки ба асорат гирифтаанд. "Сар аз дирӯз ҳукумат 710 маҳбуси толибро аз зиндонҳо раҳо кард", - хабар дод Ҷовид Файсал, сухангӯи Шӯрои миллии амнияти Афғонистон рӯзи 30 май. Читать дальше...

Вазирони собиқи Бритониё хостори иқдоми ҷиддитар дар робита бо Ҳонгконг шуданд

Ozodi.org 

Ҳафт вазири хориҷаи пешини  Бритониё  рӯзи 1 июн аз нахуствазир Борис Ҷонсон даъват карданд, ки як гурӯҳи ҷаҳонии назорат аз болои вазъ дар Ҳонгконг ва бархӯрди мақомоти Чин дар заминаи ташдиди назорат бар ин минтақаи нимамухторро таъсис диҳад. Қабули қонуни амнияти миллӣ дар ин минтақаи муҳими тиҷоратӣ аз ҷониби Чин мавриди нигаронии кишварҳои ғарбӣ шуд. Ин қонун, ки қонунгузории Ҳонгконгро сарфи назар мекунад, аз ҷониби мақомоти чинӣ ҳамчун  зарурат барои мубориза бо “терроризм” ва “ҷудоиталабӣ” муҳим дониста шудааст. Читать дальше...

Бародари вазири кори Қазоқистон бо моҷарои ришват барканор шуд

Ozodi.org 

Тимурҷон Нуримбетов, бародари Бирҷон Нуримбетов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон аз мақоми роҳбарии раёсати ҳамоҳангсозии шуғли аҳолӣ ва барномаи иҷтимоии вилояти Ҷамбули он кишвар истеъфо дод. Истеъфои вай дар пайи як ҷанҷоли порагирӣ сурат гирифт. Тимурҷон Нуримбетов 18 феврали соли ҷорӣ дар ин мақом таъйин шуда буд. Расонаҳо миёнаҳои моҳи апрел хабар доданд, ки Тимурҷон Нуримбетов дар дарёфти пора дар ҳаҷми 22 ҳазор доллар гумонбар мешавад. Тимурҷон бародари Бирҷон Нуримбетов... Читать дальше...

Қирғизистон ва Ӯзбекистон низои марзиро ҳамроҳ таҳқиқ мекунанд

Ozodi.org 

Қубодбек Боронов, ноиби аввали сарвазири Қирғизистон ва Абдулло Орифов, сарвазири Ӯзбекистон мулоқот карданд. Аз ҳукумати Қирғизистон хабар доданд, ҷонибҳо низои ахири марзии байни деҳаҳои Қирғизистону Ӯзбекистонро баррасӣ ва хостори таҳқиқи якҷояи ҳодисаи рухдода шуданд. Ду мақомдори Ӯзбекистону Қирғизистон содиқ мондан ба созишҳои аз қабл ҳосилшударо ёдовар шуданд ва ҳамчунин ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани омилони низоъро ваъда доданд. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ки бо ҷазирақаламрави Сӯхи Ӯзбекистон ҳаммарз аст... Читать дальше...

Номаи ғамангез, вале умедворкунандаи Созмони Милал ба як модари аламдори тоҷик

Ozodi.org 

Саодат Қулиева модари 66-солаи тоҷик як моҳ пештар аз Созмони Милали Муттаҳид як номае гирифт, ки дар он омадааст, шумо комилан ҳақ ҳастед, чун ҳукумати Тоҷикистон бар хилофи ӯҳдадориҳои байналмилалиаш ҳуқуқи шумову писаратонро дағалона зери по кардааст.


Музыкальные новости
Игорь Бутман

Бутман и Хабенский представят джазовую версию «Пети и волка» Прокофьева





Rss.plus
#123ru.net

Эксперт Президентской академии в Санкт-Петербурге о цифровизации бизнеса




Jaceer, Innova, Fatena, Skala, Famtech и многие другие — Chery забронировала около 20 новых автобрендов в России

Крупнейший в РФ фармдистрибьютор взыскал с пермских фармацевтов 1,2 млрд рублей

Компании ОЭЗ «Технополис Москва» в 2024 году примут на стажировку 400 студентов




Эътироз аз марги марди сиёҳпӯст боиси беназмиҳои бештар дар ИМА шуд

Ozodi.org 

Баъди марги марди сиёҳпӯсти бесилоҳ ҳангоми боздошташ аз ҷониби полис дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесота, эътирозҳо дар заминаи нобаробарии нажодӣ боло ва чандин шаҳри ИМА-ро фаро гирифт. Дар муқобили Кохи Сафед дар Вашингтон дар боғи Лафайет аз субҳи 31 май мардум таҷаммӯъ ва эътироз мекунанд. Дар шиори эътирозгарон матнҳои мисли “ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст”, “тир холӣ накунед” ва “бидуни адолат сулҳ намешавад” навишта шудааст.   Бархе эътирозгарон ба сӯи афсарони дар беруни Кохи сафед истода зарфҳои пластикӣ партофтанд. Читать дальше...

Сарвазири Арманистон ба коронавирус мубтало шуд

Ozodi.org 

Никол Пашинян, сарвазири Арманистон мубталои коронавирус шуд. Дар ин бора вай дар саҳифаи "Фейсбук" хабар дод. Пашинян гуфт, ки аъзои хонаводааш ҳам ба ин вирус мубтало шудаанд. Айни ҳол бемории вай бидуни ҳарорат пушти сар мешавад, аммо Пашинян фаъолияташро фосилавӣ идома хоҳад дод. Дар Арманистон 9 282 ҳолати мубталоӣ ба коронавирус ва 131 ҳолати марг аз КОВИД-19 сабт шудааст. Сар аз 16 март дар Арманистон ҳолати фавқулода эълом шудааст, ахиран ин ҳолатро то 13 июн тамдид карданд. 18 май дар кишвар нақлиёти ҷамъиятӣ ба гардиш даромада... Читать дальше...

Лама ё гӯсола? Баҳси фавти ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе. ВИДЕО

Ozodi.org 

Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе марги лама, як ҷонвари нодир дар ин боғро рад мекунанд, вале мегӯянд, моҳҳои ахир ҳолати маргу мири ҳайвонот дар ин макон сабт шудааст. Ба қавли кормандони боғ, сирояти бемории COVID-19 ба кори ин муассиса таъсири ҷиддӣ гузоштааст, вале марги ҷонварон аз ин беморӣ нест. Акси як ҷонвари фавтида  дар "Фейсбук", ки болояш бо селофан мечонида шудааст, тай ду рӯзи ахир баҳси шароити нигаҳдории ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти пойтахтро дигарбора доғ кард.   Корбаре бо номи... Читать дальше...

Маскав маҳдудиятҳои иҷтимоиро кам мекунад, Бразилия нуқтаи доғ боқӣ мемонад

Ozodi.org 

Баъди ду моҳи маҳдудиятҳо шурӯъ аз 1 июн дар Маскав марказҳои тиҷоратӣ, боғҳо ва тиҷоратҳои хурди мисли хадамоти либосшӯӣ дубора боз шуданд. Ин тасмим баъди як изҳороти президенти Русия Владимир Путин гирифта шуд, ки то ҳол 405 ҳазор нафарро сироят ва ҷони 4700 нафарро гирифтааст. Мардум ҳақ доранд барои кӯтоҳмуддат, масалан, барои харид ваё зарурати корӣ бар асоси иҷозати махсус берун бароянд. Бо ин вуҷуд мақомоти Маскав мегӯянд, тарабхонаву кафе ва толорҳои синамо феълан баста боқӣ мемонанд ва... Читать дальше...

Лама ё гӯсола? Баҳси фавти ҷонварон дар Боғи ҳайвоноти Душанбе

Ozodi.org 

Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе марги лама, як ҷонвари нодир дар ин боғро рад мекунанд, вале мегӯянд, моҳҳои ахир ҳолати маргу мири ҳайвонот дар ин макон сабт шудааст. Ба қавли кормандони боғ, сирояти бемории COVID-19 ба кори ин муассиса таъсири ҷиддӣ гузоштааст, вале марги ҷонварон аз беморӣ нест.

Муноқишаи сокинон дар марзи Узбекистону Қирғизистон. 3 хона сӯзонда шуд, даҳҳо тан захм бардоштанд

Ozodi.org 

Рӯзи 31-уми май дар марзи вилояти Бодканди Қирғиистон ҳамсарҳад бо минтақаи Сӯхи Узбекистон миёни сокинони ин минтақаи марзӣ муноқиша бархост. Онҳо ба сӯи ҳамдигар сангандозӣ карданд. Ба иттилои хабарнигори "Озодлик" -- бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар ҷараёни ин даргириҳо аз ҷониби Узбекистон ду хонаи сокинони ва аз ҷониби Қирғизистон як хона ба оташ кашида шудааст. Нерӯҳои марзбонии Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир вазъ зери назорат аст. Дар ҳоли ҳозир, мақомоти... Читать дальше...



Москва

Лидер движения «Всеармянский фронт» Аршак Карапетян 24 мая 2024 года встретился с членами Координационного совета российско-армянских организаций России и политологами


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин: Производство одежды в Москве за последние пять лет выросло в 62 раза



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Элджей

Члены «Русской общины» хотят отменить концерт Элджея в Новосибирске




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Аделина Панина: какие элементы фэншуй должны быть на кухне, чтобы есть и худеть

САРАТОВСКИЕ СОТРУДНИКИ РОСГВАРДИИ ЗАНЯЛИ ПРИЗОВЫЕ МЕСТА НА ЧЕМПИОНАТЕ ПО СПОРТИВНОМУ ОРИЕНТИРОВАНИЮ

Only Bet – бесплатные прогнозы на спорт


WTA

Россиянка Рахимова вышла в полуфинал турнира WTA в Рабате



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


News Every Day

Johnny Nelson Reveals His Wide Fury-Usyk Scorecard: “Don’t Be Fooled”



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России