Раиси собиқи Алмаато дар Швейтсария паноҳанда шуд
Виктор Храпунов, шаҳрдори собиқи Алмаато ва ҳамсари ӯ Лайло Храпунова, ки ҳарду дар ғайбашон дар Қазоқистон ба солҳои дарози зиндон маҳкум шудаанд, дар Швейтсария ҳаққи паноҳандагӣ гирифтаанд.
Додгоҳи Федеролии Швейтсария рӯзи 7-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ба як ҷуфт аз Қазоқистон, ки ҳоло аз ҳам ҷудо шудаанд, ҳаққи паноҳандагӣ доданд, чун “дар гузашта дар режими Қазоқистон мақомҳои баланд доштаанд ва дар сурати бозгашт мумкин буд, ноодилона муҳокима шаванд.”
Лайло Храпунова гуфт, ки дар воқеъ сухан дар бораи онҳо меравад. Виктор Храпунов аз соли 1997 то соли 2004 раиси шаҳри Алмаато буд, ҳамсараш Лайло солҳои 1994 то соли 1995 ба ҳайси раиси Кумитаи миллии телевизион ва радиои Қазоқистон кор кардааст.
Виктор Храпуновро дар тақсими ғайриқонунии замин дар замони раисиаш муттаҳам мекунанд. Ӯ ва ҳамсарашро соли 2018 додгоҳи Алмаато бо гуноҳи таъсиси гуруҳи ҷиноӣ, тақаллуби молӣ ва ришвахорӣ мутаносибан ба 17 ва 14 солии зиндон маҳкум карданд.