Содир Ҷабборов дар интихоботи президентии Қирғизистон пирӯз шуд. Рақибонаш розӣ нестанд
![Содир Ҷабборов дар интихоботи президентии Қирғизистон пирӯз шуд. Рақибонаш розӣ нестанд](https://gdb.rferl.org/7fa2a8ac-7172-41b4-b595-59869570e559_cx36_cy22_cw43_w800_h450.jpg)
Раъйдиҳӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон шоми 10-уми январ поён ёфт. Кумисюни марказии интихобот гуфт, 95 дарсади овозҳоро шумурданд ва, бино бар он, Содир Ҷабборови 52-сола, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз сӯйи эътирозгарон аз зиндон озод гардид, бо беш аз 79 дарсад раъй пирӯз шудааст.