Мы в Telegram
Добавить новость
103news.com
World News in Tajik
Январь
2021

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Урдун муайян шуд

0
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои дӯстона бо Урдун муайян шуд

Ситоди мураббиёни мунтахаби Тоҷикистон таҳти сарварии Усмон Тошев рӯйхати бозигаронеро, ки барои омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун даъват мешаванд, тасдиқ кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ба рӯйхат 23 бозигар - 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Аз легионерҳо танҳо ду нафар - ҳимоятгари бошгоҳи “Бунёдкор”-и Тошканд Давронҷон Эргашев ва нимҳимоятгари дастаи “Намангон”-и Навбаҳор Эҳсони Панҷшанбе - ба дастаи мунтахаб даъват шудаанд.

Бархе аз легионерҳо бинобар маҳдудиятҳои пандемияи COVID-19  дар кишварҳое, ки онҳо бозӣ мекунанд, наметавонанд дар ҳайати тими миллӣ дар бозиҳои дӯстона бо Урдун ширкат варзанд.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун, ки рӯзҳои 1-ум ва 5-уми феврал дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад, 27-уми январ дар Душанбе оғоз хоҳад кард. Баъдан футболбозони тоҷик рӯзи шанбеи 30-юми январ ба Дубай парвоз мекунанд ва дар он ҷо омодагиро ба бозиҳо идома хоҳанд дод.

Ин бозиҳои дӯстона дар доираи омодагии мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозиҳои марҳилаи дувуми мусобиқаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 анҷом дода мешавад. Мунтахаби Тоҷикистон ҳамроҳи тимҳои миллии Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон ба гурӯҳи "F" шомил аст.

Дар ин гурӯҳ мунтахаби Ҷопон, ки бо 12 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст, бешак, соҳиби роҳхат ба марҳилаи севуми мусобиқот мешавад. Дастаҳои мунтахаби Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки ҳафтимтиёзӣ гирифтаанд, барои ҷойи дувум талош доранд. Мянмар бо 6 имтиёз зинаи чаҳорум ва Муғулистон бо 3 имтиёз зинаи панҷумро ишғол кардаанд.

Бозиҳои боқимондаи мусобиқот дар гурӯҳи "F" ба далели пандемияи COVID-19 ба моҳҳои март ва июни имсол мавқуф гузошта шуд. Мунтахаби Тоҷикистон 25-уми март дар майдони худ бо мунтахаби Муғулистон, 7-уми июн дар меҳмонӣ бо тими миллии Ҷопон ва 15-уми июн дар хона бо мунтахаби Мянмар рақобат хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Урдун:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Ваҳдат Ханонов (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Сафаров («Локомотив-Помир»), Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳама аз «Истиқлол»), Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Ислом Зоиров («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Тоҳир Малодӯстов (ҳарду аз «Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Узбекистон).

Бозиҳои дӯстона

1-уми феврал (душанбе)

Урдун – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ

5-уми феврал (ҷумъа)

Урдун – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ





Губернаторы России
Москва

Сергей Собянин рассказал о новых трамвайных линиях в Москве





Москва

Более 40 тысяч семей в Москве и области получают ежемесячные выплаты из средств материнского капитала


Губернаторы России

103news.net – это самые свежие новости из регионов и со всего мира в прямом эфире 24 часа в сутки 7 дней в неделю на всех языках мира без цензуры и предвзятости редактора. Не новости делают нас, а мы – делаем новости. Наши новости опубликованы живыми людьми в формате онлайн. Вы всегда можете добавить свои новости сиюминутно – здесь и прочитать их тут же и – сейчас в России, в Украине и в мире по темам в режиме 24/7 ежесекундно. А теперь ещё - регионы, Крым, Москва и Россия.

Moscow.media
Москва

Собянин объявил об окончании строительства городского вокзала «Кутузовская»



103news.comмеждународная интерактивная информационная сеть (ежеминутные новости с ежедневным интелектуальным архивом). Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. "103 Новости" — абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. 103news.com — облегчённая версия старейшего обозревателя новостей 123ru.net.

Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам объективный срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть — онлайн (с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии).

103news.com — живые новости в прямом эфире!

В любую минуту Вы можете добавить свою новость мгновенно — здесь.

Музыкальные новости

Коммерсантъ

Крымские кредиты оформили в Москве // По делу о растрате заочно арестован бывший председатель правления Тальменка-банка




Спорт в России и мире

Алексей Смирнов – актер, которого, надеюсь, еще не забыли

Росгвардейцы обеспечили безопасность футбольного матча в Москве

Дмитрий Вязьмикин – тренер по индивидуальной подготовке молодежного футбола «Локо»

В филиалах АО "Желдорреммаш" прошли мероприятия ко Дню защиты детей


Ролан Гаррос

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"



Новости Крыма на Sevpoisk.ru


Москва

В Саду Бенуа начались экскурсии по эмоциональному паблик-арт проекту



Частные объявления в Вашем городе, в Вашем регионе и в России