Венгрия аввалин давлати ИА аст, ки воксинаҳои русии Sputnik V-ро мехарад
Венгрия аввалин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо шуд, ки бо Русия созишнома дар бораи харидории воксинаҳои Sputnik V-ро имзо кард. Дар ин бора 22-юми январ дар ҷараёни нишасти матбуотии муштараки вазири беҳдошти Русия Михаил Мурашко ва вазири хориҷаи Венгрия Петер Сийярто хабар дода шуд. Мақомот гуфтанд, ки дар фурсати наздик миқдори калони воксинаҳои зидди коронавирус дар се навбат аз Русия ба Венгрия фиристода мешавад. Ҷузъиёти аз ин беш гуфта нашуд. Мақомоти тиббии Венгрия аз қабл ба истифодаи ду навъи воксинаи AstraZeneca-и Бритониё ва Sputnik V-и Русия иҷоза доданд. Иҷозаи Sputnik V шаш моҳро дар бар мегирад ва имкони тамдид шудан ҳам дорад. Оҷонсии дорувори Аврупо (EMA), ки ниҳоди танзимкунандаи аслии маводи дорувори 27 кишвари узв мебошад, бояд барои истифодаи ин воксинаҳои зидди коронавирус иҷоза бидиҳад. Қарор дар бораи истифодаи воксинаҳои сохтаи AstraZeneca ва ҳам донишгоҳи Оксфорди Бритониё 29-уми январ қабул мешавад. То ҳол EMA ду воксинаро барои истифода дар кишварҳои узви ИА иҷоза додааст: инҳо воксинаҳои сохтаи Pfizer-BioNTech ва Moderna мебошанд. Виктор Орбан, нахуствазири Венгрия дар муроҷиати радиоиш гуфт, ки беҳтарин роҳи эмкунии сартосарии сокинон ин мешавад, ки дар як вақт чандин воксина иҷоза дода шавад, чунки ширкатҳо дар ҳоли рақобат шумори зиёди воксинаро истеҳсол ва таъмин мекунанд.