Сомонаи раҳбари Эрон акси монанд ба Трампро зери мили силоҳ нашр кард
Дар сомонаи Оятулло Алии Хоманаӣ роҳбари олии Эрон акси як нафар бозигари голф нашр шуд, ки ба собиқ раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп монанд аст. Бозигар дар акс мавриди ҳадафи дрон ва таҳдиди қасосгирӣ барои куштори фармондеҳи баландпояи Эрон тасвир шудааст.