Чаро мушкили бемактабӣ дар Тоҷикистон ҳал нашуд?
Сокинони баъзе аз маҳаллаҳои навбунёд дар Тоҷикистон аз набудани мактаб барои таҳсили фарзандон шикоят доранд. Мақомот мегӯянд, ҳар сол чандин мактаб месозанд, вале дар як вақт ҳамаро таъмин карда наметавонанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ аз набудани пулу замин ва коршиносон аз ношаффофӣ суҳбат мекунанд.