Боздошти ду киштӣ дар Индонезия ба ҳангоми эҳтимоли қочоқи нафти Эрон
Индонезия гуфт, ки ду киштии нафткаши Эрон ва давлати Панамаро бо иттиҳоми қочоқи нафт дар обҳои ин кишвари Осиёи ҷанубушарқӣ боздошт кардааст. Дар гузашта Эронро чандин бор дар он муттаҳам карданд, ки бо талоши фирор аз таҳримҳои ИМА, низоми назорати ҳаракати киштиҳоро хароб мекунад. Оҷонсии амнияти баҳрии Индонезия рӯзи 25-уми январ гуфт, ки нафткашҳои азими MT Horse ва MT Freya рӯзи гузашта дар обҳои вилояти Калимантан боздошт шуданд ва барои баргузории тафтишот ба ҷазираи Батам интиқол дода мешаванд. Сухангӯи ин оҷонсӣ гуфт, ки киштиронҳо нахостанд парчами давлати худро нишон диҳанд, системаи назорати ҳаракати киштиҳоро кушта ба тамосҳои радиоӣ посух надоданд. Мақомоти Индонезия гуфтанд, ки масъулини ду киштӣ лаҳзае ошкор ва дастгир шуданд, ки аз киштии MT Horse ба MT Freya нафтро интиқол бидиҳанд. Ҳамаи 61 сарнишини ду киштӣ боздошт шуданд. Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, ки аз Индонезия дархост намуд ҷузъиёти ин ҳодисаи боздоштро ошкор кунад.