Кайя Каллас - нахустин зан дар мақоми нахуствазири Эстония
Кайя Каллас аввалин зане шуд, ки дар мақоми нахуствазири Эстония тасдиқ гардид. Номзадии ӯ дар овоздиҳии парлумон баъди тасдиқи эътилофи нави ҳукумат, ки аз аъзои ҳизби “Ислоҳот”-и марказу ростгаро ва ҳизби чапгарои “Марказ” ташаккул ёфтааст, қабул шуд. Дар парлумони иборат аз 101 узв аъзои ҳукумати нав 59 курсиро ишғол мекунанд. Ҳукумати нав бар ивази ҳукумати пошхӯрдаи пешин сари кор омад, чун дар авҷи моҷарои фасод водор шуд тарки мақом кунад. Ин моҷаро ба ҳузури ҳизби ростгарои EKRE дар эътилофи ҳукуматӣ хотима гузошт. Каллас дар суханронии 25-уми январаш гуфт, ки дар навбати аввал дар мақоми раиси ҳукумат бо бӯҳрони беҳдоштӣ сарукор мегирад. Каллас гуфт, “мақсади мо ин аст, ки Эстония ҳадди аксар боз бошад ва мардум битавонанд ба кор ва кӯдакон ба мактаб бираванд ва фаъолиятҳои иқтисодӣ идома ёбад”. Каллас 43 сол дошта, дар гузашта узви парлумони Аврупо будааст ва падараш Сиим Кааллас яке аз муассисони ҳизби “Ислоҳот” мебошад. Ӯ инчунин дар мақомҳои нахуствазир ва комиссионери собиқи Иттиҳоди Аврупо кор кардааст. Аз замони касби истиқлолияти Эстония дар соли 1991 ҳизбҳои “Ислоҳот” ва “Марказ” ду гурӯҳи аслӣ дар саҳнаи сиёсии ин кишвари назди Балтика мебошанд. Нахуствазири пешин Юри Ратас рӯзи 13-уми январ дар авҷи моҷарои фасод тарки мақом кард ва гуфт, ки худи ӯ шахсан ҳеҷ кори баде накардааст.