Дипломати рус: Созиши силоҳ умеди шурӯи муколама бо Вашингтон аст
![Дипломати рус: Созиши силоҳ умеди шурӯи муколама бо Вашингтон аст](https://gdb.rferl.org/C23F565F-E082-47BA-AD5C-D4B367711907_w800_h450.jpg)
Муовини сафири Русия дар СММ гуфт, кишвараш умедвор аст, ки тамдиди созиши боздорандаи силоҳ миёни ИМА ва Русия метавонад оғози муколамаи стратегӣ миёни Маскаву Вашингтон шавад. Дмитрий Полянский рӯзи 27-уми январ гуфт, ки мувофиқаи президентони Русия ва ИМА – Владимир Путин ва Ҷо Байден дар бораи тамдиди панҷсолаи мӯҳлати созишномаи амалкунанда оид ба назорати силоҳҳои ҳастаӣ “мояи хушбинии бештар” аст. Айни замон, Полянский гуфт, ки ин тасмим мушкилоти мавҷуда дар равобити ду кишварро рафъ мекунад. Полянский, ки дар як нишасти матбуотии СММ сӯҳбат мекард, гуфт, Маскав “эҳтиёткор” аст, чунки бархе афрод дар тими сиёсати хориҷии маъмурияти ИМА бо худ “мероси муайяне” овардаанд.
Полянский аз касе мушаххасан ном набурд, вале номзади Байден ба мақоми муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуландро “шоҳин”-и Русия меноманд. Вале худи Нуланд дар як матлабе тобистони соли гузашта навишт, ки президенти баъдии ИМА бояд “як дафъаи дигар” бикӯшад бо Путин муколама барпо бикунад. Полянский гуфт, агар бархӯрди маъмурияти Байден ин бошад, ки “Русия як кишвари саркаш асту... бояд дар инзиво ва таҳти таҳрим бошад” ва дар масоили байналмилалӣ ҳеҷ тафоҳуме набошад, “фикр накунам, ки пешрафте ҳосил шавад”.