Transparency International: Дар давраи пандемия норизоият зиёд шуд
Созмони Шаффофияти Байналмилалӣ (Transparency International) дар гузориши тозае дар бораи фасод дар кишварҳои ҷаҳон гуфтааст, ки дар аҳди пандемияи COVID-19 мудирияти номуносиб, ришвахории густурда, дар кишварҳои собиқи шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, норозигии иҷтимоиро зиёдтар кардааст. Дар ин раддабандӣ бо номи “Дарки фасод”, ки ҳар сол нашр мешавад, Тоҷикистон дар байни 180 кишвар дар яке аз мақомҳои поинтарин дар зинаи 149-ум қарор дорад. Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи муаллифони гузориш, Тоҷикистон аз соли 2012 то кунун аз назари мубориза бо фасод се имтиёз ба даст овардааст. Дар гузориш омадааст, пандемияи COVID-19 барои раҳбарони худкома баҳонае пеш овард, ки назорат бар фаъолият ва хароҷоти ҳукуматро кам карда ва озодиҳои мадании мардумро маҳдуд кунанд. Ҳукумати Тоҷикистон пайваста гуфтааст, ки мубориза бо фасоду ришвахорӣ яке аз авлавиятҳои кори ҳукумат аст, вале эътироф кардааст, ки ин зуҳуроти манфӣ дар тамоми сатҳҳо вуҷуд дорад ва ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.