Яхбаста ва дар оғӯши ҳамдигар. Ҷасади падару писарро ёфтанд
Ҷасади Баён Салихови 45-сола, сокини деҳаи Зағертии Леваканд ва писараш Муҳтоҷиддини 14-соларо, ки ҳашт рӯз пеш ба ҷустуҷӯйи чорво ба кӯҳи Хоҷамастон рафта, бедарак шуда буданд, рӯзи 29-уми январ ёфтаанд.